АШТ: СИТОДИ НОҲИЯВӢ БАРГУЗОР ШУД

 336 боздид

Имрӯз дар толори калони МИҲД-и ноҳияи Ашт таҳти раёсати Раиси ноҳия Зариф Мирдадо ситоди ноҳиявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус баргузор шуд.
Муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ оид ба фаъолияти ситод тариқи муфассал маълумот дод. Қайд карда шуд, бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ амри Раиси ноҳия барои пешгирии интиқоли коронавирус аз 30 январи соли 2020, №14 ба тасвиб расидааст.
Айни ҳол 40 нафар дар карантини хонагӣ таҳти назорати духтурони тибби оилавӣ қарор доранд. Давоми ҳафтаи сипаришуда, ба 8140 хона ташриф оварда, 89 нафар шахсони гирифтори бемории шадиди роҳи нафас ва 26 нафар табъи баланддошта бо табобати хонагӣ фаро гирифта шуданд.
Давоми ҳафтаи сипаришуда дар Марказҳои саломатии ноҳия 80 адад либосҳои муҳофизатии яккарата, 415 кг маводи безараргардонӣ (хлор), 10 литр маҳлули антисептикӣ, беш аз 2900 дона ниқоби яккарата захира шудааст.
Санаи 29 апрел дар даромадгоҳи роҳи асосии Хуҷанд—Ашт навбатдории шабонарӯзӣ аз ҳисоби кормандони шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳия, духтурони МНДСЭ-и ноҳия, маркази саломатии ноҳия ташкил карда шуд.
Муовини Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода оид ба танзими нарх ва таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, аз байн бардоштани савдои кӯчагӣ сухан гуфт. Қайд карда шуд, дар маркази ноҳия, ки рӯзи панҷшанбе рӯзи бозорӣ маҳсуб меёбад, на кам аз се соат (аз соати 6.00 то 9.00) барои хариду фурӯш вақт муайян шудааст ва пеш аз оғози фаъолияти бозор бояд ҳудуди он пурра безарар (дезинфексия) гардонида шавад. Дар бозорҳо бояд фақат маводи хӯрокворӣ ва хоҷагӣ фурӯхта шаванд. Фурӯши хӯрокҳои пӯхташуда (кабоб, моҳӣ, шашлик, самбӯса, оши ҷаврӣ, яхнӣ (холодес), сузма (чака) ва ғ) манъ карда шудааст.
Раиси ноҳия Зариф Мирдадо зимни вазифагузорӣ ба масъулин ҷиҳати амалӣ намудани ҳамагуна тадбирҳо дар самти пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус, суръат бахшидан ба корҳои безараргардонӣ супоришҳои мушаххас дод. Масъулин дар самти иҷроиши нақшаи андоз ва хизмати ҳарбӣ, таъсиси гурӯҳҳои “Хона ба хона” ҷиҳати фаҳмонидани қавоиди беҳдошт баҳри пешгирии бемории сироятӣ, истифодаи босамари участкаҳои наздиҳавлигӣ, ташкили нуқтаҳои фурӯши маҳлули безараркунанда (хлор), риояи қоидаҳои беҳдошт, аз назорат дур намондани насли наврас, ки аз санаи 27 апрел то 10 майи соли равон дар таътили ғайринавбатӣ қарор доранд, амал намудан аз рӯйи гуфтаҳои табибон дастур гирифтанд.
Дар ситоди ноҳиявӣ намояндаи МНДСЭ-и вилояти Суғд Насибҷон Икромов иштирок ва баромад намуд.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.