АШТ: СОБИҚАДОРОН АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ БОЗДИД АНҶОМ ДОДАНД.

 403 боздид

07.02.2023

Имрӯз, беш аз 30 нафар мӯйсафедон бо мақсади ошноӣ пайдон намудан аз ҷараёни сохтмони ду корхонаи бузурги саноатӣ, корхонаи ресандагӣ ва фабрикаи ҷуроббофӣ бо 600 нафар ҷойи корӣ боздид намуданд.

Дар боздид Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба собиқадорон вобаста ба имконият ва иқтидори коргоҳ маълумоти муфассал дод.

Пирони кор дар ҷараёни боздид аз бунёди коргоҳи мазкур иброз доштанд, ки дар таърихи ноҳия пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ чунин коргоҳи бузург бори аввал сохта мешавад.

Аз ҷониби шахсони рӯЗгордида зикр шуд, ки ин ҳама ободиҳо маҳз туфайли хизматҳои Пешвои миллат, дастури Раиси вилоят ва ташаббусҳои Шӯҳрат Муҳаммадзода мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки соҳибкорони маҳаллӣ баҳри ҳиссагузорӣ дар татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва амалигардии саноатикунонии босуръати кишар иқдом намуданд, ки дар ноҳия корхонаи ресандагӣ ва фабрикаи ҷуроббофиро бунёд намоянд ва 600 нафар сокинони маҳаллӣ, асосан духтарону бонувонро бо ҷойи кор таъмин кунанд.

Дар корхонаҳои мазкур тамоми шароити мусоид барои фаъолияти бонувон нигаронида шуда, толори кории барҳаво, таҷҳизотҳои муосир, таъмини хатсайрҳои хизматӣ ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва маоши хуби корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар фабрикаи ҷӯроббофӣ дар як шабонарӯз 30 ҳазор ҷуфт ҷӯроб истеҳсол мегардад ва ашёи хом, яъне пахта то ҳадди ниҳои дар ҳудуди ноҳия коркард гардида, ба таври маҳсулоти комил ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар ба фурӯш бароварда мешавад.

Ёдовар мегардем, ки дар соли 2022 зимни сафари корӣ ба ноҳия бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин корхонаҳо санги асос гузошта шуд, ки ин боиси ифтихори ҳар як сокини ноҳия мебошад.

Дар фарҷоми боздид собиқадорон аз чунин ободӣ изҳори хушнудӣ намуда, барои фароҳам овардани оромӣ дар ҳаққи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилояту ноҳия дуои нек намуданд.

Ҳадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.