АШТ: ТАШРИФИ ЁРДАМЧИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ИҚТИСОДӢ НЕЪМАТУЛЛО ҲИКМАТУЛЛОЗОДА БА НОҲИЯИ АШТ

 426 боздид

Субҳи 26.06.22  барои гузоштани хишти аввал ба 8 синфхонаи иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 ба номи Тӯлқун Хоҷаназарови деҳаи Хӯҷамбердиев, Ҷамоати деҳоти Ошоба ва 8 синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №52 Ҷамоати деҳоти Ориён, деҳаи Сарваки ноҳияи Ашт Ёрдамчии Президенти Ҷуиҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва  Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ташриф оварданд. Дар маросими гузоштани хишти аввал раҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарияти ҲХДТ дар  ноҳия, собиқадорони меҳнат, омӯзгорону хонандагон ва фаъолони деҳа ширкат намуданд. Дар оғоз Раиси ноҳия баромад намуда, меҳмонро барои ташриф ба ноҳия хайрамқдам гуфт ва аз оромии кишвар ҳарф зад:

“Мо ҳамеша аз доштани Президенти ободкор, созанда, хирадманд, адолатпеша, сулҳпарвар шукр мекунем ва доимо дар паҳлӯи Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат  Эмомалӣ Раҳмон ҳастем. Имрӯз туфайлӣ заҳматҳои роҳбари давлат дар ватани мо сулҳу салоҳ ҳукмрон аст ва мо бояд ҳар лаҳза ин субботи миллиро қадр намоем”.

Баъдан Раиси ноҳия ба Ёрдамчии Президенти Ҷуиҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозодаро сухан вогузор намуд. Неъматулло Ҳикматуллозода зимини баромади хеш таъкид намуд:

“Имруз барои ободу зебо намудани диёр ва таъмин зиндагии шоиста ба мардум роҳбари давлат тамоми кӯшиши худро равона карда истодаанд. Бунёди синфхонаҳои иловагӣ ба таври дастаҷамъона собит месозад, ки сиёсати Пешвои миллатро ҳамаҷониба мардуми ноҳия дастгирӣ мекунанд. Дар симои шумо кулли мардуми ноҳияро ба муносибати фаро расидани 25-солагии Ваҳдати миллӣ аз номи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳният мегӯям.

Баъди гирифтани дуои пирон кор дар умум ба 16 синфхонаи иловагӣ, ки бо фарогири 156 метри мурабба барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст, хишти аввал гузошта шуд.

Ҷараёни кории Ёрдамчии  Президенти Ҷуиҳурии Тоҷикистон ва Раиси ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Ориён идома ёфт.  4 синфхонаи иловагие, ки дар деҳаи Нурафшон ба таври ҳашар бунёд гардидааст, бо шароит ва таъмиру омодагии он ба соли нави хониш шинос шуданд.

Бо дастгирии соҳбкорони бо нангу номуси Ҷамоати деҳоти Ориён муассисаи иптидоии МТМУ № 6 ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ пурра аз таъмири хушсифат бароварда шуда, шароитҳо вобаста ба талаботи муосири ҷаҳонӣ омода  карда шудааст. Зимни боздид Неъматулло Ҳикматуллозода ва Шӯҳрат Муҳаммадзода барои нафарони саховаташон  ва  дастандаркорон исҳори миннатдорӣ намуданд. Зимни шиносоӣ гуфта шуд, ки аз иқдомҳои пайвастаи ободкоронаи ҷамоат бояд ба дигарон намунаи ибрат бошад.

Бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Ашти болои Ҷамоати деҳоти Ашт мактаби азиму замонавӣ  бунёд гардида истодааст.  Аз ҷараёни корҳои сохмонии муассиса Ёрдамчии  Президенти Ҷуиҳурии Тоҷикистон ва Раиси ноҳия боздид намуданд. Маврид ба зикр аст, ки бинои кӯҳнаи МТМУ №25 дар ҳолати садамавӣ қарор дошт ва бо меҳрубонии Пешвои миллат дар деҳаи дурдаст мактаби 4 ошёна, ки дорои таҳхона мебошад, бунёд гардид. Саҳни бино пурра сафолакпуш гардида, ойнабандиҳо пурра хотима ёфтааст. Бино мувофиқ ба талаботҳои муосири ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, сифнхонаҳо бо таҷҳизотҳои зарури таъмин мегарданд.  Корҳои ҷузи ва омоданамоӣ ба соли нави хониш идома карда ба Ёрдамчии Президент ва сарвари ноҳия иттило дода шуд, ки то соли нави хониш пурра корҳои сохтмони ба анҷом мерасад ва барои мавриди истифода қарор гирифтан комилан омода мегардад.

Ифтитоҳи пули мошингузари тозабунёди деҳаи Пискокати ҷамоати номбурда, идома ёфт. Мардуми деҳа солҳои зиёд дар натиҷаи омадани сел ва хисороти он барои равуо ба маркази ҷамоат мушкил мекашиданд ва дар бунбаст қарор мегирифтанд. Бо назардошти ин ҳама дар қисмати болои деҳаи пули мошингузар бунёд гардид ва бо иштироки меҳмонон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Табрикот ба муносибати фарорасии 25-солагии Ваҳдати миллӣ ба боздиди корӣ ҳусни анҷом бахшид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.