АШТ: ВОХӮРИИ РАИСИ НОҲИЯ ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА БО ДОНИШҶӮЁНИ НОҲИЯИ АШТ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД.

 786 боздид

04.04.2023

Имруз дар толори «Кохи Ҷавонон» ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд вохӯрии Раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Шӯҳрат бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии маркази вилоят дар фазои озод ва самимӣ ҷараён гирифт.

Дар вохурӣ мудири шубаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ иштирок дошт.

Раиси ноҳия зимни баромади хеш иброз намуд:

“Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа, яке аз масъалаҳои асосӣ дар Паёми ҳарсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ буда, ҳамчун яке аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии кишвар таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад. Дар асоси паёмҳои Роҳбари давлат, дигар суханрониҳо ва дастуру супоришҳое, ки дар иртибот ба тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишвар мунтазам дода мешаванд, рушди пайгиронаи соҳаи маориф таъмин гардида, мактаб ва илму маориф, инчунин рушди инсонӣ дар сиёсати кунунии давлату Ҳукумат ба сатҳи масъалаи аввалиндараҷа бардошта шуд. Аз ин лиҳоз мо шукронаи оромиву ободи намуда, барои рушди Тоҷикистони маҳбуб кӯшиш намоем.”

Баъдан Раиси ноҳия даъват ба амал овард, ки ҷавонони хушзеҳни ноҳия дар самти шомилшавӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар намунаи ибрат ба дигарон бошанд. Зеро, неъмати бузургтарин, Истиқлоли давлатиро Пешвои муаззами миллат бо заҳмату талошҳои зиёд, фароҳам овардаанд. Ҳар ҷавони Ватандӯстро зарур аст, ки хизматҳои Ҷаноби Олӣро қадр намояд ва барои дифои миллат ҳамеша омода бошанд.

Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ: Қарабоев Зикрулло, Ҳамралиев Баҳром, Юнусов Шаҳзод, Мирзоматов Истамҷон, Темирова Меҳровар, Худойбердиева Шоҳина, Аскарова Дилара, Исомадинов Шодрӯз дигар як гуруҳ баромад намуда, вобаста ба мушкилоти роҳ, баъд будани вазъи алоқа дар минтақаҳои дурдаст, ташкили курсҳои забономӯзӣ ва дигар мушкилотҳои ҷойдошта дар ҳудуди ноҳия, аз ҷониби роҳбари ноҳия посухи амиқ гирифтанд.

Баъдан, дониҷӯёни фаъол ва ба сафаи Қувваҳои мусаллаҳ шомилшаванда бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия қадрдонӣ гардиданд.

Ба 100 донишҷӯён ятим ва аз оилаҳои эҳтиёҷманд кӯмакӣ яквақтаи Раиси ноҳия дода шуд.

Дар фарҷом барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пешниҳод карда шуд ва ба вохури ҳусни дигар бахшид.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.