АШТ: ВОХУРИИ САРДОРИ ШВКД ҶТ ДАР НОҲИЯ БО ХОНАНДАГОНИ МУАССИАҲОИ ТАЪЛИМӢ.

 741 боздид

Имрӯз сардори Шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ашт  Тағойзода Давлатшоҳ Тағой, мудири маорифи ноҳия Бурҳонзода Акмал оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва омодагӣ ба даъвати тирамоҳӣ,  риояи қонун ва риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар масъалаҳои мубрам бо хонандагони МТМУ № 65 ва литсейи №2  вохӯрӣ анҷом доданд.

Нахуст, сардори ШВКД ҶТ дар ноҳияи Ашт Тағойзода Давлатшоҳ Тағой вобаста ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан гуфт:

«Бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик соҳиби сулҳ, оромӣ, фаровонӣ гардид. Аммо, нохалафон мехоҳанд ин арзишҳои муқаддасро халалдор созанд. Мо ба қадри меҳнатҳои Ҷаноби Олӣ бирасем ва шукрона намуда зиндагӣ созем. Ҳар як хонандаро  зарур аст, ки баробари  азбар кардани дониши хубу мукаммал ояндаи устувор созанд ва пеши роҳӣ терроризм ва экстромизмро гиранд ва решакан намоянд.»

Маврид ба зикр аст, ки минбаъд низ дар дигар муассисаҳои таълимии ноҳия чунин вохӯриҳо гузаронида мешаванд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

  

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.