АШТ: ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ ҲОЛИИ КОРӢ ТАШКИЛ ГАРДИД

 503 боздид

Имрӯз, 13.05.22 Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ашт ҷиҳати татбиқи самтҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва барқияномаи Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор намуд.

Дар чорабинӣ сардорон ва нозирони шуъбаи кадрҳои корхонаву ташкилотҳо дар умум 20 ташкилоту муассисаҳои ноҳия бо 197 ҷойҳои кори холӣ бо фарогирии зиёда аз 200 нафар шаҳрвандони корҷуй ширкат намуданд. Дар натиҷа 28 нафар шаҳрвандони бекорӣ дар қайди шуғл буда, дорои тавсияномаи шуъбаи Агенти гашта бо ҷойи кори доимию мавсимӣ таъмин гаштанд.

Инчунин ба 6 нафар нозирони кадри шуъбаҳои ташкилотҳо ва муассисаҳои фаъоле, ки бо Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия ҳамкории зич доранд бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд. Дар баробари ин 10 нафар афсари аз адои хизмат баргашта кӯмакпулии бекори ба маблағи 200 сомонӣ дода шуд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.