АШТ:ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯ.

 496 боздид

Бо мақсади густариши робитаҳои иқтисодии дуҷониба, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои саноату савдо соҳибкорон ба ноҳияи Ашт  ташриф оварданд.​

Меҳмононро дар даромадгоҳи ноҳия Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳамроҳи шахсони дахлдор қабул намуд.

Дар оғоз роҳбари ноҳия бо гурӯҳи соҳибкорони ҳудуди вилояти Хатлон суҳбати  самимӣ ва сарироҳӣ анҷом дода, барои ташрифашон изҳори сипос намуд.

Сипас, боздид аз ҷараёни коргоҳи ҷӯроббофӣ ва коркарди нахи пахта, ки бо 600 ҷойи корӣ бунёд мегардад, ҷараён гирифт.

Ба тоҷирони муваффақ вобаста ба иқтидор ва имкониятҳои корхонаҳои азим маълумоти муфассал дода шуд.

Дар идома, соҳибкорон аз боғи интенсвесии «Олами ангур», ки 120  намуди ангур парвариш мегардад, дидан намуда вобаста ба тарзи бунёд ва обёрӣ аз Толибҷон Мақсудҷонов аз зумраи таъсисдиҳандагонаст, посухи амиқ гирифтанд.

Меҳомонон аз ҳавзҳои моҳи ва маркази сайёҳии ҶДММ «Рахшона» шинос шуданд. Шӯҳрат Муҳаммадзода доир ба парвариши моҳӣ ва намуди он, имкониятҳои мусоиди қабули сайёҳон маълумот дод.

Идомаи сафари меҳмонон аз МТМУ рақами 36, ки бо саҳмгузории оилаи Мақсудҷоновҳо бунёд гардидааст ва бо иштироки Пешвои муаззами миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, дидан карданд. Ҳамзамон аз боғи гелоси интенсивии «Ибрат» ҷараён гирифт. Боғи гелоси интенсивии «Ибрат», ки аз 11 гектар иборат буда, бо техналогияҳои муосир обёри мегардад,  дар он наздик 5 намуд гелос парвариш мешавад.

Дар фарҷом ба ифтихори меҳмонон аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барномаи фарҳанги пешниҳод гардид.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.