Чорабинӣ бахшида ба ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил

 493 боздид

Ҷиҳати иҷрои қарори Раиси ноҳия аз 15 феврали соли 2021, № 80 “Дар бораи гузаронидани Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил” дар маркази ноҳия бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиён ва посдории хотираи қурбониёни бартарафкунандагони садама дар Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил тадбирҳо амалӣ карда шудааст.
Субҳи имрӯз, санаи 16 апрели соли 2021 дар конфронсзали муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ – драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” бо иштироки Раиси ноҳия Зариф Мирдадо, Роҳбари дастгоҳ, мудирон ва кормандони якқатор шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил баргузор гардида, роҳбарияти ноҳия ҳамаи иштирокчиёни садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобилро табрик намуда, бо кӯмакпулии яквақтина қадршиносӣ намуданд.
Сипас, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар ноҳия Зафар Мамадҷонов ба сухан баромада, доир ба қаҳрамониву ҷасорат ва ҷонфидоиҳои бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил суханронӣ ва ба ин муносибат иштирокдоронро табрик намуд.
Дар охир раиси ташкилоти ҷамъиятии иттифоқи Чернобил дар ноҳия Исоматов Турсунмат ҷиҳати дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимии худ ва аҳли иштирокдоронро расонид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.