Дар Понғоз варзишгоҳи нав бунёд мешавад

 409 боздид

Нимаи дуюми рӯзи 01 феврали соли ҷорӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз мавзеи Навободи деҳаи Понғози болои Ҷамоати деҳоти Понғоз, ки дар он ҷо майдони варзишӣ бунёд мегардад, дидан намуд.

Варзишгоҳи марказии мавзеи Навобод бо дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташаббуси ҷавонону соҳибкорони маҳаллӣ сохта мешавад, ки ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мебошад.

Тавре Бахтиёр Турсунзода раиси Ҷамоати деҳоти Понғоз иттилоъ дод, майдони варзишӣ бо маблағи 60 ҳазор сомонӣ бунёд мегардад. Корҳои ҳамворкунӣ дар майдони варзишӣ аз санаи 29 январи соли равон оғоз гардида, то имрӯз барои корҳои сохтмонии он 12 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст. Ният дорем то Иди Ваҳдати миллӣ ин варзишгоҳро сохта ба истифода диҳем.

Мавриди зикр аст, ки майдони варзишӣ ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ буда, дарозиаш 110 метр ва бараш 65 метрро ташкил медиҳад. Аз тарафи роҳбарияти МИҲД-и ноҳия барои корҳои сохтмонӣ 200 литр сӯзишворӣ тақдим карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *