Изҳороти мардуми ноҳияи Ашт оид ба руйдодҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқӯъпайваста таҳти шиори “Ворух як порчаи қалби ман!”

 371 боздид

Мардуми ноҳияи Аштро таи ду рӯзи ахир низои мусаллаҳонаи дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон рухдода, ором гузошта наметавонад. Ин дар ҳолест, ки мудом аз ҷониби мардуми маҳали наздисарҳадӣ, сокинони Куктош (Бодканд, Қирғизистон) амалҳои зиддиқонунӣ вобаста ба масъалаҳои марбут ба сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар марз ва қаламравҳои баҳснок, вобаста ба масъалаҳои обёрӣ ва ҳавзаи об сар мезананд.
Аслан мо мардуми сулҳпарвари Тоҷикистон зидди ҳамагуна ҷангу низоъ ҳастем. Вале бовуҷуди ин намегузорем, ки касе тинҷиву амонии кишвари моро халалдор созад. Зеро ҳифзи Ватан, таъмини суботу оромӣ, ҳимояи марзу бум ва сокинони он, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва дар ин асно, “Ворух як порчаи қалби мо –тоҷикистониён ба ҳисоб меравад.”
Мардуми баору номуси ноҳияи Ашт ҳамеша дар ҳама вазъ ҳамроҳи мардуми Ворухзамин буда, бо ҷасорату мардонагӣ ва сулҳҷӯйиву бамуросоӣ ба музокирот омадани тарафи ҷангҷӯро водор месозем.
Имрӯз Ворух тамоми мардуми кишварро сарҷамъу муттаҳид сохтааст. Дар қатори мардуми шаҳру навоҳии кишвар садҳо нафар ҷавонмардони ноҳия омодагии худро барои пайвастан ба сафи муҳофизони Ватан изҳор медоранд.
Мо ба шахсони бар асари задухӯрд захмдоршудагон саломатии комил таманно намуда, боварӣ дорем, ки баъди гуфтушунидҳои ниҳодҳои дахлдори ду ҷониб тарафҳо ба созиш омада, мардуми ду тарафи сарҳад минбаъд дар фазои дӯстиву якдигарфаҳмӣ, сулҳу субот ва оромии ҳамешагӣ умр ба сар мебаранд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.