Мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми раиси ноҳияи Ашт ва Федератсияи футболи ноҳия рӯзи 2 март оғоз гардид. Дар ин бора Ҷамшед Насриддинов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия иттилоъ дод ва гуфт, мусобиқа то 6 март идома хоҳад кард.
Дар мусобиқа 16 дастаи футболбозон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия миёни ҳам бозиҳои дӯстона анҷом медиҳанд. Мусобиқа дар варзишгоҳи марказии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия сурат мегирад.
Тими ғолиб Ҷоми раиси ноҳияи Ашт ва Федератсияи футболи ноҳияро соҳиб хоҳад шуд.