КӮЗАПУШТРО ТАНҲО ГӮР РОСТ МЕКУНАД!

 415 боздид

Инак, ҷаласаи навбатии САҲА, ки санаи 16-уми сентябр оғоз гардида буд, анҷом меёбад. Ҷаласае, ки бори дигар собит намуд, ки ҳеҷ яке аз ин се нафар муассисони ПМТ соҳиби қудрати воқеии сиёсӣ, эҳтиром, эътимод нестанд, балки сабабгори оқибатҳои фалокатбор ҳастанд, ки аз фаъолияти зиддимилливу ғайриқонунӣ ва стратегияи хушунатомез рӯйи кор омадаанд.
Хулосаи амалу кирдорҳо ва вазъи имрӯзаи муассисону аъзоёни ин «паймон»-ро узви ҳайати давлатии Тоҷикистон дар нишасти САҲА дар Варшава Абдуллои Раҳнамо хеле хуб бозгӯ намудааст: «Дар «Паймони миллӣ»-е ки мухолифон ташкил кардаанд, на паймонро мебинаму на миллиро. Зеро Паймон ҳолатест, ки чанд ҳизбу гурӯҳ ба ҳам омадаву ташкил медиҳанд. Аммо «Паймон»-и мухолифон танҳо аз чанд ном, номи ба истилоҳ «устодон» ташкил ёфтааст, ки он созмон буда наметавонад. Чунин ном ниҳодан ба ҷамъи чанд тан аз ҳамроҳони худ ин фиреби назар аст. Миллӣ будан бошад, ба маънои фарогир будан аст, вале дар ин ҷо ин ҳолат дида намешавад».
Воқеан, агар ба роҳи тайкардаи ин «Паймон» дида дӯзем, шикастҳои пайдарпаю шармандашавиҳои навбат ба навбаташро ба ёд орем, дарк мекунем, ки ҲНИ кайҳо аз байн рафтааст, аммо хоҷагону аъзоёнаш бо тамоми ҳастӣ мекӯшанд, бо таъсиси «паймон»-у таҳлилу муҳокимаҳои берабт ва муаррифӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз чоҳи бетаги худомоданамудаашон бархезанд. Ивази ному ҷомаву дастор магар чеҳраи аслии ин ифрогароёну хиёнаткоронро метавонад аз назари мардум пинҳон дорад? На!
Ҳама медонанд, ки Кабирӣ ҳамчун яке аз саромадони ҲНИ баробари дигар ҳамтоёнаш чӣ дар ҳодисаҳои нангини ҷанги шаҳрвандӣ, чӣ дар табаддулоти ҳарбӣ (09.2015) ва чӣ дар куштори сайёҳони хориҷӣ даст дорад.
Бо ин ҳама амалу кирдор ӯро чӣ корест ва кӣ мондааст, ки аз вазъи зиндонҳои Тоҷикистон, аз дастгирии озодии сухан ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намояд? «Таҳлилу баррасиҳояш» ҷиҳати масоили амниятӣ ва иқтисодӣ кам буд, ки худро ғамхору ҳамдарди халқ тарошида дар ҷаласаи имсолаи САҲА ба чунин масъалаҳо даст задааст.
Ӯ медонад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии ҳифзу ҳимояи журналистон пурра таъмин мегардад. Ҳанӯз соли 2012 аз Кодекси ҷиноятии ҶТ моддаҳо оид ба таҳқир бардошта шудаанд. Ҳамчунин боиси зикр аст, ки тибқи қонунгузории кишвар барои монеагузорӣ ба фаъолияти журналистон ҷазо пешбинӣ гардидааст.
Даъвои онҳо дар самти қурбонии сиёсати имрӯзаи ҷумҳурӣ гаштани журналистон низ бе далел аст.Баръакс ин ҷо метавон қатли бераҳмонаи яке аз равшанфикрони тоҷик Муҳиддин Олимпурро мисол овард, ки маҳз қурбонии ТТЭ ҲНИ гаштааст. Ва чунин бузургмардони тоҷик кам набуданд, ки қурбонии амалҳои ҷинояткоронаи онҳо гашта бошанд.
Боиси таассуф ва нигаронист, ки то он замоне, ки ин «Паймони миллӣ» ислом ба рӯй кашидаву мақсадҳои нопокашро расонаӣ ва амалӣ кардан мехоҳад, Тоҷикистонро хатари бесубот кардани вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ таҳдид мекунад. Ва Тоҷикистон ба насли худогоҳу созанда, насли ҳушёру солим, ҷомеаи демократӣ ва фарҳангӣ ниёз дорад, зеро ҷанги сарди Кабирӣ ва ҳамтоёнаш баҳри ба манфиати худ тағйир додани қудрату вуҷуддошти давлату миллат идома дорад.
Ба рафтору кирдору амалҳои ин наҳзатиён менигариву бори дигар эътимод ҳосил менамоӣ, ки «кӯзапуштро танҳо гӯр рост мекунад!»
Т.МИСРОБӢ, «ШУХРАТИ АШТ»

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.