Марафони велосипедронӣ таҳти унвони “Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон”

 862 боздид

Субҳи имрӯз, 20-уми майи соли ҷорӣ дар маркази ноҳияи Ашт шаҳраки Шайдон бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонон ва эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон марафони велосипедронӣ таҳти унвони “Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон” бо ҷалби зиёда аз 250 нафар ҷавонон доир гардид.

Марафони велосипедронӣ дар шоҳроҳи ҷамоати шаҳраки Шайдон ҷараён гирифт, ки дар он ҷавондухтарон ва ҷавонписарон фаъолона ширкат варзиданд.

Дар интиҳои марафон дар назди Муассисаи давлатии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи М.Воҳидов ба беҳтарин велосипедронҳо туҳфаҳои раиси ноҳияи Аштро муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ тақдим намуд.

Аниса Ҷалилӣ зимни тақдими туҳфаҳо иброз дошт, ки баргузории марафони велосипедронӣ таҳти унвони “Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон” барои мустаҳкам кардани робитаи дӯстӣ байни ҷавонон мусоидат мекунад.

Сайидои ШОДӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.