Мулоқоти Зариф Мирдадо бо сокинони ноҳияи Ашти муқими шаҳри Душанбе

 1 400 боздид

Санаи 22 январи соли ҷорӣ, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи нақша чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ашӯрбой Солеҳзода Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт, Раҳматулло Мирбобоев мовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадҷон Шодиев Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Баҳриддин Муминҷонов cардори кафедраи омодагии ҳарбии Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ, профеcсорон, номзадҳои илм, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, устодони донишгоҳҳои олии кишвар, соҳибкорон ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ,  вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Ашти муқими шаҳри Душанбе доир гардид.

Нахуст Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода баромад намуда, зикр дошт, ки мақсад аз баргузории ин вохӯрӣ пеш аз ҳама саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Ашт, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо дар баромади худ, аз дастовардҳои соли сипаришуда ва нақшаҳои ободкориву созандагӣ барои ҷорӣ гузориш дод. Инчунин дар идомаи баромади худ иброз дошт, итминон дорам, ки шумо сокинони муқими шаҳри Душанбе барои ободу зебо гардонидани ноҳияи Ашт бетараф набуда, дар корҳои ободониву созандагӣ ҳиссаи босазои худро мегузоред.

Дар охир  Баҳриддин Муминҷонов cардори кафедраи омодагии ҳарбии Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ, Раҳматулло Мирбобоев мовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадҷон Шодиев Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фахриддин Мирзоаҳмадов, профессор, Тошматов Маҳмуд проректори Донишгохи технологии Тоҷикистон, Шокирҷон Мараҷабов сохибкор баромад карда, иброз доштанд, ки барои бунёди иншоотҳои иҷтимоиву иҷтисодӣ, бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми босазои худро мегузорем.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.