Ҳамдиёрони азиз!
Мардуми сарбаланди ноҳияи Ашт!
Барои сокинони ноҳияи Ашт имсол соли пурмаҳсул, соли ҷашнгирии чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ, таҷлили бошукӯҳи 30-солагии Қувваҳи мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯйдоди таърихӣ ва дастоварди бузурги мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад, рост омадааст.
Мо кулли мардуми ноҳия аз таваҷҷӯҳу дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят ҳамеша руҳбаланд буда, азму ҷаҳд менамоем, ки барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагиамон, таъмини зиндагии шоиста пурмаҳсултар меҳнат менамоем, корҳои ободониву созандагиро ривоҷ медиҳем, дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидан ҳамчун ҳадафҳои стратегии давлат саҳм мегузорем.
Ҳамдиёрони азиз!
Соли равон хоҷагиҳои пахтакори ноҳия баҳри рӯёнидани ҳосили фаровони “Тиллои сафед” меҳнату заҳмати зиёдро ба харҷ дода, имрӯзҳо барои саривақт, босифати баланд ва беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта ба чиниши он оғоз намуданд.
Аз ин лиҳоз, ба кулли сокинон ва кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия муроҷиат намуда, хоҳиш менамоем, ҳама якҷоя дар чиниши ҳосили пахта ба деҳқонону саҳмдорони хоҷагиҳои пахтакор ёрӣ расонида, бо онҳо то охири мавсими чиниш паҳлӯ ба паҳлӯ истода, барои саривақт иҷро намудани дурнамои истеҳсоли пахта саъю кӯшиш намоем ва бо меҳнати содиқона ба нишондодҳои намоён сазовор гардем.
Ҳар як қувваи қобили меҳнатро зарур аст,ки ба майдони пахтазор баромада, ҳиссаи худро дар хирмани бошукӯҳи давлат гузорад.Бинобар он, бо истифода аз обу ҳавои мусоид ҳосили пахтаро то охири мавсим бояд ҷамъоварӣ намоем.
Дар ин ҷода ба ҳамаи Шумоён, аҳли заҳмати ноҳия, пахтакорону чинакчиён, руҳу илҳоми тоза таманно намуда, нерӯву ғайрати нав ва бурдбориву комёбиҳои беназир орзумандем.