Намоиши ҳунарҳои миллӣ ва семинари машваратӣ дар ҷамоати Шайдон

 1 160 боздид

15-уми феврали соли ҷорӣ дар толори ҷамоати шаҳраки Шайдон намоиши ҳунарҳои миллӣ дар мисоли адрасу атласбофӣ, қолинбофӣ ва кандакорӣ доир гардид, ки дар он ҳунармандони ҷамоат маҳсулоти худро ба маъраи намоиш гузоштанд.

Зимни ба намоиш гузоштани маҳсулоти занҳои ҳунарманди ҷамоат бо ибтикори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ашт ярмаркаи хурди ҷойҳои холии корӣ баргузор гардид. Дар ярмарка зиёда аз 80 ҷои холии корӣ бо ҷалби 8 ташкилоту муассисаҳо пешниҳод гардида, ба 6 нафар сокинон бо ҷои кори доимӣ таъмин шудан роҳхат дода шуд.

Ҳамзамон, бо иштироки муовини раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ бо як қатор сокинон, раисони маҳаллаҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ семинари машваратӣ гузаронида шуд.

Дар он муовини раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед баромад намуда, зикр кард, ки имрӯз МИҲД-и ноҳия кӯшиш мекунад то сокинонро бо ҷои кори доимӣ таъмин намояд.

Дар охир сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Руссия, бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ, шомилшавии муҳоҷирон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, ҷалб намудани занону духтарон ба ҳунаромӯзӣ ва ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор дар хориҷи кишвар ибрози андеша намуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.