Оғози мулоқоту вохӯрӣ доир ба Паёми Пешвои миллат дар Ашт

 444 боздид

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Ашт Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад барои шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба ноҳияи Ашт ташриф оварда, бо сокинон мулоқот ва вохӯрӣ доир намуда истодааст.

Чунин мулоқот дар ҷамоати деҳоти Понғоз, Ашт ва Шайдон баргузор гардида, масъулин нуктаҳои муҳими Паёми солонаи Пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ дода истодаанд.

Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад зимни мулоқот қайд кард, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ба масоили амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаи бонкӣ дар кишвар, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ равона гардидааст.  Инҷост, ки соли 2018 дар қаламрави мамлакат соли Рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд.

-Рушди иқтисодиёти мамлакат ва беҳбудии шароити мусоиди корӣ дар кишвар аст, ки аз Паём то Паём маоши кормандони буҷавӣ боло рафта истодааст. Дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат маоши хизматчиёни давлатиро аз 12 то 15% боло бардоштанд,-афзуд Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад.

Баргузории чунин мулоқот дар дигар ҷамоатҳои ноҳия идома дорад.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *