Паём раҳнамои ҳаёти босаодат 

 1 697 боздид

9 январ дар ҷамоати деҳоти Пунук ва Ориёни ноҳияи Ашт мулоқот оид ба шарҳу эзоҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад, роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонов ва роҳбарияти ноҳияи Ашт иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар мулоқот Маҳмадалӣ Ватанзода баромад намуда гуфт, ки Паёми солонаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ раҳнамои ҳаёти босаодати халқи тоҷик мебошад. Дар Паём Пешвои миллат дурнамои тамоми соҳаҳоро пешбинӣ намуданд.

Дар мулоқот гуруҳи корӣ зиёдтар ба суоли сокинон ҷавоб дода, нуктаҳои асосии Паёмро ба сокинон расониданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.