Паёми табрикии Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб.

 4 663 боздид

Муҳтарам табибон ва ҳамшираҳои шафқат!

Собиқадорони соҳаи тиб!

Иди касбии шифобахшон, ҳомиёни саломатии инсон — Рӯзи кормандони тибро, ки ҳамасола санаи 18-уми август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, ба ҳамаи Шумоён таҳният гуфта, бароятон умри дароз, тани сиҳат, осмони софу беғубор таманно дорам.

Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб бо мавлуди алломаи бузург Абӯалӣ ибни Сино алоқамандӣ дорад ва мо умед бар он мебандем, ки шогирдони ин шахси бузург ҳамарӯза дар хизмати халқ омода, баҳри беҳтар кардани сифати хизмати тиббӣ ва беҳдошти ҳифзи саломатии аҳолӣ боз ҳам саъю кӯшиши бештар мекунанд.

Пайваста қабул ва амалӣ шудани барномаву стратегияҳо ва санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи тандурустӣ аз таваҷҷӯҳи ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Бунёди муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ, таъмиру тармими биноҳои амалкунанда, бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ, таъмин намудани муассисаҳо аз вазифаҳои асосии роҳбарияти ноҳия маҳсуб ёфта, маҳз дар заминаи дастуру супоришҳои давлату Ҳукумат пайваста амалӣ мегардад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки маблағгузории соҳаи нигаҳдории тандурустӣ дар панҷ соли охир ба андозаи 97 миллиону 877 ҳазор сомонӣ афзуда, соли равон аз буҷаи ноҳия ба соҳаи тандурустӣ 27 миллиону 32 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Инчунин, тибқи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорону шахсони саховатманд сохтмон, таъмир ва азнавсозии 5 муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шуда, корбарӣ ҷиҳати зиёд намудани сохтмони иншооти соҳаи тандурустӣ идома дорад.

Чунин таваҷҷӯҳ ва зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ, бунёди иншооти замонавии соҳа ва воридоти таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрасии бештари аҳолиро ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда боз ҳам беҳтар менамояд.

Воқеан ҳам дастгирӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавон як самти муҳими фаъолияти масъулини соҳа аст.
Айни замон дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз ноҳия 145 нафар донишҷӯён таҳсил карда истоданд.

Ҳар яки Шумо бояд шарафи касбии худро ҳифз намуда, бо фаъолияти содиқонаву софдилонаи хеш барои солимии миллат, ҳифзи саломатии мардум ва рушди минбаъдаи соҳаи тандурустӣ саҳми арзанда ва шоиста гузоред.

Боварӣ дорам, ки ҷаҳду талош ва меҳнату заҳмати садҳо нафар табибони ноҳия дар заминаи болоравии маърифати санитарии аҳолӣ, барои расидан ба нишондиҳандаҳои мусоиди ҳолати саломатии аҳолӣ, алалхусус модару кӯдак, пастравии бемориҳои сироятӣ ва аҳамияти иҷтимоидошта, ташаккули ҷисмонии наврасону ҷавонон натиҷаҳои назаррас ба бор меоранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар, кормандони соҳаи тибро бо иди касбиашон таҳният гуфта, дар кори боифтихору пурмасъулияташон баҳри ҳифзи сиҳатии ҷомеа комёбиҳо орзу мекунам.

Ҳамеша саодатманду сарфароз бошед

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.