Паёми табрикотии Раиси ноҳия муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода бахшида ба  ҷашни Иди Меҳргон моҳи октябри соли 2022

 506 боздид

Дар Паёми имсола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва тамоми сокинони кишвар дар қатори вазифаҳои асосӣ, ҳадафҳои Ҳукумати Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, зиёд намудани маҳсулотҳои кишоварзӣ, бунёди боғҳои нави замонавӣ ва интенсивӣ, табдил додани Ватани азизамон аз ҷумҳурии аграрӣ ба ҷумҳурии индустриалӣ, яъне саноатӣ-кишоварзӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Аз ин дастуру ҳидоятҳо мо рӯҳбаланд гардида вазифадор ҳастем, ки дар таъмини иҷроиши онҳо ҳиссагузор бошем. Мо фахр мекунем, ки ноҳияамон дар миқёси ҷумҳурӣ бо дороӣ ва бунёди боғҳои нави истеҳсоли меваҳои шаҳдрез ҷои намунавиро ишғол менамояд.

Барои кишоварзони ноҳия имсол низ соли пурфайзу бобаракат аст, зеро обу ҳавои имсола мусоид омада деҳқонон тавонистанд, ки ранҷи ба дастовардаашонро беталаф ғундоранд.

Пас соҳибистиқлол  гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистонтаваҷӯҳ ба фарҳанги суннатӣ ва ҷашну маросимҳои бостонӣ зиёд гашт. Ҳамасола аз 8-уми октябри соли 2011 дар баробари дигар идҳо иди Меҳргон қонунан эҳё гардида, таърихи таҷлилаш  аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муайян шудааст, ҳукми иди миллиро дорад.

Чуноне, сарвари давлат муҳтарам Эмомоалӣ Раҳмон таъкид медоранд;

“Меҳргон яке аз куҳнатарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун рамзи ситоишу  ниёиши Меҳр ё Митро  ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд”.

Ҳамаи шумоёнро ба муносибати иди аҷдодӣ, Иди Меҳргон табрику таҳният гӯям, бароятон тансиҳатӣ, хушбахтӣ, ободии хонадонро таманно дорам.

Итминони комил дорам, ки сокинони ноҳия баҳри ба даст овардани нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ кӯшиш ба харҷ дода, дар корҳои ободониву созандагӣ ҳиссагузорӣ хоҳанд кард.

Пеш аз ҳама аз кормандони соҳаи кишоварзӣ хоҳиш доштам, ҳар як рӯзро самаранок истифода намуда, ба таъмини амнияти озуқаворӣ суръат бахшанд.

Дар баргузории ҷашни Иди Меҳргон мебинам, ки табиат қолини рангин ва файзу баракаташро арзонӣ доштааст. Ан ин рӯ, мебояд дар руҳияи мардум, насли наврас ва ҷавонон ҳисси табиатдӯстиро бедор созем, дар муассисаҳои таълимӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намуда, дар вуҷуди насли наврас эҳтиром ба Ватан, дӯст доштани табиату наботот ва содиқона хизмат намудан ба Ватан-Модарро ҷой намоем.

Бори дигар ба ҳамаатон Иди Меҳргон, иди қадимаи аҷдодӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.