16 август дар толори ҷамоати шаҳраки Шайдон бо иштироки кормандони Бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт аз вайрон гардидани ду оила ҷилавгирӣ карда шуд.
Обода Каримӣ мудири Бахши кор бо занон ва оила мегӯяд, бо волидони шахсони муроҷиаткарда суҳбат ороста, тавонистанд бо корҳои фаҳмондадиҳӣ ду оилаи ҷавонро аз ҷудошавӣ боз доранд.
Манбаъ афзуд, ки дархосту муроҷиати оилаҳои ҷавонро сари вақт таҳлилу баррасӣ намуда, кӯшиш мекунанд, ки пеши роҳи вайроншавии оилаҳоро дар ноҳия сари вақт гиранд.