Пешвои миллат: «Бояд дар оянда тавонем ҳар сол то 10-15 % маош ва нафақаю стипендияро баланд бардорем»

 135 боздид

Аз моҳи сентябри соли 2018 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин нафақа ва стипендия то 15% баланд бардошта шуд. Ин нуктаро имрӯз,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат баён доштанд.

Сарвари давлат дар идомаи суханони худ гуфтанд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои амалӣ намудани ин иқдом дар соли 2019  1,2 миллиард сомонӣ равона мегардад.

-Дар асоси барномаҳои қабулгардида, — гуфтанд Пешвои миллат, — мо бояд тарзе заҳмат кашем, ки барои баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақа дар солҳои минбаъда низ заминаҳои зарурӣ гузошта шаванд.

«Яъне мо бояд дар оянда тавонем бо роҳи рушди иқтисодии мамлакат, саноатикунонӣ, рушди истеҳсолот, бо назардошти сарчашмаҳои иловагии буҷети давлатӣ ҳар сол то 10-15 % маош ва нафақаю стипендияро баланд бардорем», — илова намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Пешвои миллат: «Бояд дар оянда тавонем ҳар сол то 10-15 % маош ва нафақаю стипендияро баланд бардорем»

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.