ҚОНУН ЧӢ МЕГӮЯД?

 452 боздид

Дар шароити пайдову паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавируси навъи КОВИД-19 зарур аст, бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ва таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ аз лиҳози талаботи қонунгузорӣ баъзе нуктаҳоро мавриди андешаву назари мардум қарор диҳем.
Бояд гуфт, тибқи моддаи 37-и Кодекси тандурустии ҶТ шаҳрвандони кишвар ба беҳбудии экологӣ, бехатарии санитарию эпидемиологӣ ва радиатсионӣ ҳуқуқ доранд ва ин ҳуқуқ аз ҷониби давлат бо роҳи нигоҳдории муҳити мусоиди зист, ки ба солимии наслҳои имрӯзу фардо таъсири манфӣ намеравонад, таъмин карда мешавад.
Мафҳуми амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ дар моддаи 1-и Кодекси тандурустии ҶТ чунин шарҳ ёфтааст: вазъи саломатии аҳолӣ ва муҳити зисти одамон, ки дар он таъсири зарарноки омилҳои муҳити зист ба инсон вуҷуд надорад ва шароити мусоиди фаъолияти одамон таъмин карда мешавад. Дар ин модда боз мафҳуме ҳаст, ки он муҳофизати санитарии ҳудуд ном дорад. Он маҷмӯи чорабиниҳоест, ки барои пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии барангезандагони бемориҳои карантинӣ ва дигар бемориҳои сироятӣ дар ҳудуди кишвар аз ҷониби хадамоти сарҳадӣ, муассисаҳои маҳаллии тиббӣ ва хадамоти санитарию эпидемиологӣ анҷом дода мешаванд.
Дар моддаи 7-и Кодекси болозикр омадааст, ки яке аз ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ ва шароит барои амалигардонии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ маҳсуб меёбад. Мақомоти давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ (муассисаҳои тиббию табобатӣ) тибқи моддаи 15-и Кодекси тандурустии ҶТ ҷиҳати таъмини беҳбудии санитарию эпидемиологӣ, пешгирии бемориҳо масъуланд.
Боиси зикр аст, мутобиқи моддаи 110-и Кодекси мазкур амнияти санитарию эпидемиологӣ бо чунин роҳҳо таъмин мегарданд:
**пешгирии бемориҳо бо назардошти вазъи санитарию эпидемиологии бавуҷудомада ва пешгӯии тағйирёбии он;
**иҷрои чорабиниҳои санитарию эпидемиологӣ ва риояи ҳатмии қавоиди санитарӣ;
**чорабиниҳо ҷиҳати сари вақт огоҳонидани аҳолӣ оид ба рӯй додани бемориҳои сироятӣ, паразитарӣ ва ғайрисироятии оммавӣ, вазъи муҳити зист ва чорабиниҳои пешгирикунанда;
**чорабиниҳо оид ба таълиму тарбияи гигиении аҳолӣ, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим.
Дар асоси моддаи 116-и Кодекси тандурустии ҶТ дар ҳолати таҳдиди воридшавӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ бо амри сартабиби давлатии санитарии ҶТ дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадии давлатии ҶТ, дар ҳудудҳои муайян карантин ҷорӣ карда мешавад.
Ҳамоҳангсозии ҳамагуна фаъолият дар самт дар ҳолати ҷорӣ кардани карантин ба зиммаи Комиссияи давлатии байниидоравӣ ва зиддиэпидемикии ҳудудӣ оид ба пешгирӣ, маҳдуд ва нест кардани эпидемия ва заҳролудшавии оммавии аҳолӣ, ки бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати ҶТ таъсис ёфтааст, гузаронида мешавад. Ин ҳамон Ситоди ҷумҳуриявӣ дар маҳалҳо оид ба пешгирии бемории сироятии КОВИД-19 аст, ки айни замон фаъолият дорад.
Яке аз масъалаҳои баҳсбарангез, ки имрӯз аксаран дар шабакаҳои иҷтимоӣ расонаӣ мегардад, ин ройгон ва ё ба ивази маблағи муайян гузаронидани чорабиниҳои дезинфексионӣ, ки аз ҷониби кормандони МНДСЭ гузаронида мешавад. Дар ин маврид қонун чӣ мегӯяд?
Тибқи моддаи 117-и Кодекси тандурустии ҶТ бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд (ба истиснои шахсони имтиёздор, ки қонунгузории ҶТ муайян намудааст), аз ҳисоби худ вобаста ба нишондиҳандаҳои эпидемиологӣ ва дастурҳои мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ чорабиниҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ гузаронанд. Ҳамзамон, тибқи қисми 2-и ин модда, ҳангоми пайдоиши ҳолатҳои фавқулоддаи эпидемикӣ бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи пешниҳоди мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ чорабиниҳои ғайринавбатии ҳатмии дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ гузаронида мешаванд. Дезинфексияи манбаи сироят аз ҷониби ташкилотҳои тиббӣ, инчунин сохтори КАТС ва Марказҳои дезинфексияи профилактикӣ доир карда мешаванд.
СОҲАИ МУҲИМ, КИ МАСЪУЛИЯТИ БЕШ ТАЛАБ ДОРАД
Маълум аст, яке аз соҳаи муҳим дар таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ ин МНДСЭ аст, ки тибқи моддаи 220-и Кодекси тандурустӣ ба огоҳонидан, ошкорсозӣ ва пешгирии вайрон кардани қонунгузорӣ ҷиҳати таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ фаъолият мебарад. Шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, бинову сохтмонҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, ашё, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, об, ҳаво, маҳсулоти ғизоӣ ва ғайра объектҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ маҳсуб меёбанд.
Назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии санитарию эпидемиологӣ дар шакли санҷиш амалӣ мешавад, ки он дар асоси Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҶТ пиёда мешавад. Шахсони мансабдори хадамоти санитарию эпидемиологӣ ваколат доранд, ки маводҳоро дар бораи вайрон кардани қонунгузорӣ ҷиҳати таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ баррасӣ ва ба суд пешниҳод созанд; шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои баррасии мавод даъват намоянд; ба онҳо амрномаҳо диҳанд, ки иҷрояшон дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳатмист. Онҳо ҳамчунин ҳуқуқ доранд, то бартараф намудани чунин қонунвайронкунӣ истифодаи объектҳо, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, иҷрои корҳои алоҳида ва хизматрасониро боздоранд.
Ҳамчунин ашхоси мансабдори хадамоти санитарию эпидемиологӣ ҳангоми таҳдиди пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҳуқуқ доранд, ҷиҳати бистарикунонӣ барои муоина ё алоҳида нигоҳ доштани шахсони мубталои бемориҳои сироятӣ ё гумонбаршуда, гузаронидани муоинаи ҳатмии тиббӣ, муваққатан аз кор барканор намудани шахсоне, ки интиқолдиҳандагони ангезандаи бемориҳои сироятӣ ҳастанд, ва ё вобаста ба хусусиятҳои корҳои аз ҷониби онҳо иҷрошаванда ё истеҳсолӣ, паҳнкунандаи бемориҳои сироятӣ шаванд, ҷорӣ намудан ё бекор кардани карантин дар ташкилотҳо ва объектҳо қарори асоснок қабул намоянд.
Метавонанд шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, дар ҳолатҳои зарурӣ барои гузаронидани санҷиши дахлдор ва ҳалли масъалаи оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавод фиристонанд.
Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи ҷорӣ намудан ё бекор кардани карантин,ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи аз ҷониби онҳо вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ, ба шаҳрванд расонида шудааст, инчунин дар бораи ҷуброни хароҷоти иловагие, ки мақомот, ташкилотҳои тиббӣ ва хадамоти санитарию эпидемиологии аҳолӣ барои гузаронидани чорабиниҳо оид ба рафъи бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятии оммавии дар натиҷаи қонунвайронкунӣ сарзада сарф намудаанд, пешниҳод ирсол намоянд.
ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГӢ ҲУҚУҚ ДОРАНД:
**барои назорати иҷрои чорабиниҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ бе мамониат ба ҳудуд ва дохили ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ворид шаванд;
**бо розигии шаҳрвандон, бо мақсади санҷиши шароити зист ба хонаҳои истиқоматии онҳо ворид шаванд;
**дар бораи риоя накардани қонунгузорӣ ҷиҳати таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ санад тартиб диҳанд;
**чорабиниҳои огоҳкунӣ ва ҷории назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ташкил намоянд;
**дар бораи тақсими маблағҳои хазинаи эпидемиологӣ ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ, идора намудани ашёи ба хадамот вобасташуда, таклифҳо пешниҳод кунанд.
МУТААССИФОНА…
Боиси таассуф аст, ки баъзе аз шаҳрвандон, бахусус онҳое, ки манзилашон дар кӯчаи марказӣ қарор дорад, тоза нигоҳ доштани маҳалли зисташонро вазифаҳои ташкилотҳои давлатӣ меҳисобанд ва масъулият эҳсос намекунанд. Ҳарчанд тоза нигоҳ доштани гирду атрофи маҳалли зисташон чӣ аз ҷониби роҳбарияти МИҲД-и ноҳия ва чӣ масъулони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот борҳо таъкид карда мешавад.
Ҳол он ки Тартиб ва шароити нигоҳдошти ҳудудҳои маҳалҳои аҳолинишин дар ҶТ, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ (аз 2.06.2011, №280) тасдиқ шудааст, ташкили рӯбучини ҳудуд, системаи ҷамъоварии нақшавӣ, нигоҳдории муваққатӣ ва мунтазам баровардани партовҳои сахти маиширо ба танзим медарорад.
Тибқи ин тартиб иҷрои амалҳои болозикр танҳо дар мавриди мавҷудияти қарордод (шартнома) бо истифодабарандагон аз ҷониби КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” гузаронида мешавад.
Марзҳо бояд дар Нақшаи генералии ҳудуд аз ҷониби мақомоти меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти хоҷагии коммуналӣ ва дар мувофиқа бо Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, мақомоти ҳифзи муҳити зист муайян шаванд.
ҲУДУДИ ТОЗАКУНИИ САНИТАРӢ
Ҳудуди тозакунии санитарӣ тариқи зайл муайян карда мешаванд:
**дар кӯчаҳое, ки аз як тараф биноҳо доранд, бо майдончаи ишғолшуда то маркази қисми роҳи мошингард;
**дар кӯчаҳое, ки аз як тараф биноҳо доранд, бо майдончаи ишғолшудаи назди бино бо тамоми бари роҳ (дар хатҳои сурх);
**дар майдонҳо—бо пешниҳоди мақомоти хоҷагии коммуналӣ;
**дар роҳҳо, аз ҷумла, роҳҳои ба тарафи корхонаҳо мебурда, маҳаллаҳои истиқоматӣ, гараж, анборхонаҳо ва дигар иншоот—дар тамоми дарозӣ, аз ҷумла қитъаи 10-метра.
АГАР ТАЛАБОТИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГӢ ВАЙРОН КАРДА ШАВАД…
Дар ин ҳолат ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ, маъмурӣ ва ҳатто ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Тибқи моддаи 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ яке аз вазифаҳои қонунгузории ҶТ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳифзи саломатӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ аст. Мутобиқи моддаи 33-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баъди аз рӯзи содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гузаштани се моҳ шахс ба ҷавобгарӣ кашида нашавад, тибқи қисми 2-и ҳамин модда ҳангоми содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии вобаста ба ҳифзи саломатӣ ва вазъи санитарию эпидемиологии аҳолӣ ин муҳлат 6 моҳ муқаррар шудааст.
Дар моддаи 112-и Кодекси болозикр барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият мекунанд, аз бист то бисту панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Тибқи моддаи 117 КҲМҶТ барои риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ дар корхонаҳои хӯроки умумӣ, аз ҷумла, ҳангоми омода намудани хӯрок ва нӯшокиҳо, тартиби нигоҳдорӣ ва фурӯши онҳо ба аҳолӣ ҷарима таъин карда мешавад.
Мутобиқи моддаи 119-и КҲМҶТ барои саркашӣ аз муоинаи ҳатмии тиббӣ ва муолиҷаи профилактикии бемориҳои сирояткунанда сарфи назар аз огоҳии мақомоти тиббӣ, ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Ҳамчунин, дар асоси моддаи 120-и КҲМҶТ аз тарафи шахси бемори сирояткунанда, инчунин шахсони бо ӯ алоқадошта пинҳон доштани манбаи сироят ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Бояд зикр намуд, тибқи моддаи 207-и КҶ ҶТ барои вайрон кардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамон гаштааст, бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад.
Тибқи қисми 2-и ин модда бошад, агар ҳамин кирдор аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё марги инсон гашта бошад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Гуфтаҳои боло моро ҳушдор медиҳад, аз паёмади амалҳои хеш пайваста биандешем, қонунҳои амалкунандаро риоя намоем, чун ҳар ҷиноятро ҷазоесту ҳар амалро подош.
Танҳо бо риояи қавоиди тавсиянамудаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва бегумон риояи қонунҳои амалкунандаи кишвар метавонем аз ин вабои аср раҳоӣ ёбем ва ҳам ҷиноят содир насозем.
Баҳриддин САФАРЗОДА, прокурори ноҳияи Ашт, мушовири адлияи дараҷаи 1

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.