Семинари дастурдиҳии то интихоботӣ дар КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт

 729 боздид

Имрӯз, 15 октябри соли равон дар асоси нақшаи тасдиқшуда семинари дастурдиҳии то интихоботӣ дар КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт баргузор гардид.

Дар кори семинар Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, Самадзода Наврўз Абдулҳамид, роҳбари гурӯҳ, Собирзода Исфандиёр, Қодиров Далер Сайфуллоевич, Нормуҳамедов Абдулло Усмонович, намояндаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Маҳмадисо ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилон ва интихобкунандагон иштирок доштанд

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, меҳмононро ба ноҳия хушомадед гуфт ва барои бурдани кори семинари дастурдиҳӣ суханро ба роҳбари гурӯҳ Самадзода Наврӯз вогузор кард.

Самадзода Навруз суханро дар бораи ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ оғоз намуда, оид ба принсипҳои асосии интихобот, ҳуқуқи умумии интихобот, овоздиҳии пинҳонӣ дар интихоботи вакилон дар маҷлисҳои маҳалли вакилони халқ, ташкили ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ, ташкили комиссияҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ, ваколатҳои комиссияи вилоятӣ ва ноҳиявӣ, тартиб додани руйхати интихобкунандагон, тартиби бақайдгирии номзадҳо ба Раисон ва аъзоёни ҳавзаҳо дастурҳо дод.

Дар охир иштироккунандагон ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.