Санаи 17 декабр, Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, бо сокинон ва соҳибкорони қисмати поёнии Ҷамоати шаҳраки Шайдон мулоқот намуд.
Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, дар суҳбат бо сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ, ки дар ду қисмати поёнии роҳи марказии Ҷамоат нуқтаҳои тиҷоратӣ доранд, иброз дошт, ки барои ободу зебо гардонидани маркази ноҳия саҳми худро гузоранд. Дар масъалаи тозагии муҳити зист низ бетараф набошанд.
Ба иттилои раиси Ҷамоати шаҳраки Шайдон Наврӯз Рустамзода, мақсад аз бургузории вохӯрӣ ин пеш аз ҳама ба тартиб овардани гирду атроф, тозагии муҳит ва маҳаллӣ зист мебошад.
Мавриди зикр аст, ки вохӯрии Раиси ноҳияи Ашт, бо сокинони қисмати поёнии маҳаллаҳои Сироҷиддин Иминҷонов, Ҷаббор Расулов ва Маҳмудҷон Воҳидови шаҳраки Шайдон, ҷиҳати ободу зебо намудани кучаҳои марказии ноҳия доир гардид.