Т А Ҳ Н И Я Т Н О М А

 5 180 боздид
Бахшида ба мавлуди наҷотбахши миллат,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Милоди хуҷастаи Шуморо аз номи сокинони сарбаланди Ашти бостон мубораку фархунда мегӯем. Шумо боиси наҷоти миллат, фардои дурахшони сарзамин ва бақои миллати тоҷики сарбаланд ҳастед. Ҳузури Шумо дар сари тахти миллати тоҷик эҳдои Худованди меҳрубон аст, ки барои мардуми тоҷик ҳадя намудааст. Ҳукмронии Шумо дар ин сарзамин хиради Анӯшервони одилро мемонаду, шоҳигарии шоҳ Исмоили Сомониро. Шумо идомабахши ин чеҳраҳои мондагори таърихи миллати хеш мебошед.
Миллати тоҷик тамоми заҳматҳои Шуморо дар олами муҳаббати ёдҳояш ҳаккокӣ намуда, ҳаққи фаромӯш карданро надорад. Бигзор, ба бахти миллати мо ҳамеша чун офтоби тобон дурахшон бошеду, дар чаҳор фасли умри инсонӣ ҳамеша мададгору дуогӯ ва ғамхору мушкилкушои ин миллати сарбаланд бошед!
Таманнои онро дорем, ки танатон ба нози табибон ниёзманд мабод, умратон ҳамасола шабеҳи гулҳои шукуфон бод, қомататон чун сарв болову, андешаҳои орифонаву оқилонаатон барои ояндаи Тоҷикистон раҳнамо бошад!
Бори дигар аҳли мардуми сарбаланди ноҳияи Ашти бостон ин санаи фархунда, санаи муборак, мавлуди Шуморо самимонаву содиқона бо сипосмандӣ ба хидматҳову қаҳрамониҳоятон баҳри наҷоти миллат аз сидқи дил ва бо ифтихормандӣ таҳният намуда, баён менамояд, ки ҳамеша Худованди бузург дар зери сояи Раҳмати худаш қарор бидиҳад ва ҳар куҷое ҳастед, пероҳани сиҳатмандиву хотирҷамъӣ, иззату офият, обрӯву нуфузи миллӣ ба тан дошта бошед!
Мо бо Шумо шахсияти таърихсоз, Сарвари оқилу фарзона, Роҳбари адолатпарвару хирадманд, меъмори бинои давлатдории миллӣ, ҳимоятгари манфиатҳои миллат, азизу маҳбуби ҳама мардуми шарифи Тоҷикистон, наҷотбахши миллат ифтихор мекунем ва дар ин рӯзи муборак, солгарди умратон тани сиҳат, хотири ҷамъ, мувафаққияту комъёбиҳои беназир, хонаи обод, рӯзгори тинҷу осуда таманно менамоем.
Бошад, ки ҳамеша ба бахти мо — мардуми тоҷикистонӣ Пешво, Сарвар бошеду доимо сарбаланд. Зиҳӣ, Пешвои муаззами миллат!
Милодрӯзи накӯятон муборак, Пешвои муаззами миллат!
Бо эҳтиром, раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода
ва сокинони сарбаланди Ашти бостон !

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.