Муҳтарам нақлиётчиён!
Ҳамасола 25 июл дар қаламрави ҷумҳурӣ Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ таҷлил карда мешавад, ки ба ин муносибат кулли кормандони соҳаро табрику муборакбод менамоям.
Соҳаи нақлиёт қисми таркибии иқтисодиёти давлат ба ҳисоб рафта, дар рушди тамоми соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар нақши ҳалкунанда мебозад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат баҳри ба меъёрҳои муосир ҷавобгӯй гардонидани инфрасохтори нақлиёт, аз ҷумла роҳҳои автомобилгард ҳамчун омили пешгирии садамаҳои нақлиёт ва пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри таъмини рушди инфрасохторию коммуникатсионӣ ва бо мақсади тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, таъмиру тармим ва беҳдошти ҳолати техникии роҳҳои маҳаллӣ, чароғонкунии кӯчаҳои марказии ноҳия ва дастрасии аҳолӣ ба хизмати нақлиёти истифодаи умум дар доираи вазифагузориҳои барномавии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда чораву тадбирҳои зарурӣ амалӣ намуда истодааст.
Дар ҳудуди ноҳия 495,4 км роҳҳо мавҷуд буда, дар тавозуни Муассисаи давлатии “Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ашт” 94 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, 22,3 километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 379,1 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта қарор дошта, аз ҷумла 1,8 км роҳҳо дар тавозуни муассисаи хоҷагию манзилӣ ва 177,3 км роҳҳои байнихоҷагӣ мавҷуд мебошанд.
Дар соли 2023 таъмиру тармими 200,0 км роҳҳо, аз ҷумла 14,0 км таъмири асосӣ, 146,0 км таъмири ҷорӣ ва 40,0 км шағалпушкунӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои иҷрои корҳои мазкур аз ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ 6617,0 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 290,0 ҳазор сомонӣ, аз буҷети вилоят 2200,0 ҳазор сомонӣ, аз буҷети маҳаллӣ 20,0 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби аҳолӣ 4107,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар давоми нимсолаи якуми соли 2023 дар ноҳия дар маҷмуъ дар масофаи 81,6 километр роҳҳо таъмир карда шудааст, аз ҷумла дар масофаи 0,125 километр таъмири асосӣ, 47,0 километр таъмири ҷорӣ ва 34,5 километр роҳҳо шағалпуш карда шуданд. Барои иҷрои корҳо 584,0 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 119,0 ҳазор сомонӣ аз буҷети Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳисоби аҳолӣ 465,0 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардид.
Дар давраи ҳисобӣ аз тарафи Муассисаи давлатии “Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ашт” ба маблағи 119,0 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру тармими роҳҳо иҷро карда шудааст. Аз ҷумла, дар масофаи 27,0 километр таъмири ҷории роҳҳо гузаронида шудааст.
Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз тарафи сокинону соҳибкорон дар масофаи 54,6 километр роҳҳо, аз ҷумла 0,125 километр таъмири асосӣ, 20,0 километр таъмири ҷорӣ ва 34,5 километр шағалпуш карда шудааст, ки маблағи умумии он 465,0 ҳазор сомониро ташкил менамояд.
Дар ноҳия дар соҳаи хизматрасонии нақлиёти се муассисаи нақлиётӣ – ҶДММ «Рахш Р.М.», ҶДММ «Ашт нақлиёт» ва ҶДММ «Зафар — 83» фаъолият доранд. Муассисаҳои мазкур дар асоси истифодаи самараноки воситаҳои нақлиётии худӣ ва ҷалби васеи воситаҳои нақлиётии шахсӣ ва хусусӣ, мунтазам ҳаҷму сифати хизматрасониро беҳтар намуда истодаанд. Дар нимсолаи якуми соли 2023, бо мақсади пурра таъмин намудани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ, муассисаҳои нақлиётии ноҳия дар асоси шартнома 337 адад воситаҳои нақлиёти шахсӣ ва иҷоравиро ба хизматрасонӣ ҷалб намуданд, ки боиси беҳтар гардидани хизматрасонӣ ва пешрафти соҳа гардиданд. Ҳоло ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо хатсайрҳои нақлиёти мусофиркашон ба самти маркази ноҳия ва вилоят таъмин мебошанд.
Дар нимсолаи якуми соли 2023 бо истифодаи нақлиёти ҳамаи шаклҳои моликият ба миқдори 997,4 ҳазор тонна борҳои гуногун кашонида шудааст, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2022 174,6 ҳазор тонна зиёд мебошад. Инчунин ба миқдори 4199,4 ҳазор нафар мусофирон ба манзил расонида шуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2022 272,1 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Мавриди зикр аст, ки раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва талошҳои ҳамешагии Сарвари давлат соҳаи роҳсозӣ ва нақлиёт бомаром рушд ёфта истодааст.
Боварӣ дорем, ки кормандони соҳа дар амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошта сарбаландона баромада, минбаъд низ бо дарки баланди масъулиятшиносию худогоҳӣ, дар баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебаранд ва дар ободонию пешрафти диёрамон ҳиссаи босазои худро мегузоранд.
Дар охир кулли кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва ҳамаи онҳое, ки пешрафти соҳаро таъмин менамоянд, бо ин рӯзи фархунда табрику муборакбод намуда, саломатии бардавом, ободии рӯзгор ва барору комёбиҳои меҳнатӣ таманно менамоям.
Иди касбӣ муборак!