Ваҳдати миллӣ дар Ашт таҷлил карда шуд

 1 480 боздид

23-июн дар муассисаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт 21-солагии Ваҳдати миллӣ таҷлил карда шуд. 

Дар тантанаҳои ноҳиявии Ваҳдати миллӣ мудиши шуъбаи иқтисод ва савдои МИҲД-и вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳаким, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва кормандони соҳаҳои мухталиф ширкат варзиданд.

Нахуст, Ҳакимзода Ҳаким табрикоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати 21-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ба сокинони ноҳияи Ашт расонид.

Баъдан раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо баромад намуда, гуфт, ки дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ноҳия бо иштироки раиси вилоят майдончаи варзишӣ, Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия ва корхонаи коркарди «Санги хоро» мавриди истифода қарор гирифтанд, ки туҳфаи арзанда ба сокинони ноҳия мебошанд.

Дар идомаи баромад Зариф Мирдадо ҳамаи сокинони ноҳияро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба мардуми шарафманди ноҳияи Ашт саодати рӯзгору хонаи обод таманно кард.

Дар охир баҳри болидахотирии ҳозирин аз тарафи Бахши фарҳанги ноҳия барномаи идонаи консертӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.