Вохӯрии ректорони донишгоҳҳои олии вилоят бо хатмкунандагон

 1 219 боздид

Имрӯз, 10 феврали соли ҷорӣ дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии ректорони донишгоҳҳои олии вилояти Суғд бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия доир гардид.

Дар вохӯрӣ ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Анвар Мақсудӣ, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҷӯразода Ҷамшед, ректори филиали Донишкадаи  политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Сангинова,  ректори Донишкадаи куҳӣ-металургии  Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Фозилзода Мухтор Муродалӣ, ректори филиали Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратиb Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд Мирзозода Олими Рауф ва Мирзотоҳир  Набиев намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иштирок намуданд.

Нахуст, Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида иброз дошт: “Ба таҳсил ҷалб кардани хонандагон ва саводнок намудани онҳо яке аз ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат мебошад, ки сол то сол дар ин самт корҳои тарғиботӣ ҷоннок  гардида истодааст. Довталабон ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои олӣ бояд касби ояндаи худро дуруст интихоб намоянд ва аз ҳама он шароите, ки Ҳукумати кишвар барои таҳсил фароҳам овардааст самаранок истифода баранд”.

Дар ин чорабинии саривақтӣ, ки барои интихоби дурусти касб ба довталабони соли таҳсили 2017 мусоидат мекунад, ректорони донишгоҳҳои олии вилоят бо имкониятҳои донишгоҳҳо ва шароити таҳсил довталабон аз ноҳияи Аштро шинос намуданд.

Дар вохӯрӣ аз 73 муассисаи таъилимии ноҳия зиёда аз 300 нафар хатмкунандагон иштирок намуда, аз масъулини донишгоҳҳои олӣ ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.