Имрӯз дар толори КИ ҲХДТ бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муовини раиси ноҳия, сармутахассиси бахш оид ба корҳои дин, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД-и ноҳия, сархатиби ноҳия, сармутахассисон оид ба корҳои дин, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, вохӯрӣ бо бибиотунҳо ва фаъолзанон баргузор гардид.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз қонуншиканиҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас, пешгирии зиёдаравӣ дар ҷашну маросимҳо сухан гуфт.
Тибқи иттилои сармутахассиси бахш оид ба корҳои дин, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД-и, мақсад аз баргузории вохӯрӣ бо бибиотунҳо ин аз наздик ошно намудани тартиби азодорӣ ва таъзия дар ноҳия, оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии иштироки онҳо дар муҳорибаҳои давлатҳои Ироқу Сурия, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гуруҳҳои тундраву ифротӣ, пешгирии қонуншиканиҳо дар ҷашну маросимҳо мебошад.
Аз тарафи бибиотунҳо як қатор пешниҳоду дархостҳо иброз шуд. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия масъулонро вазифадор намуд, то саривақт мушкилиҳои ҷойдошта, ислоҳ карда шаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳия зиёда аз 60 нафар бибиотунҳо барои ба танзим овардани маросимҳо фаъолият доранд.