АШТ: РАИСИ НОҲИЯ СИТОД БАРГУЗОР НАМУД.

 226 боздид

20.09.2023.                                                                               вақт: Мустақим

Имрӯз, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар  маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки васеи фаъолон ситоди корӣ баргузор намуд.

Дар ҷамъомад муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия,  роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ходимони соҳаи тиб, маориф, собиқадорон, фаъолзанон ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Дар ситод  панҷ масъала мавриди барраси қарор гирифт:

  • “Дар бораи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.”
  • Омодабошӣ ва тамрини ҳайати захираҳои сафарбарӣ.
  • Пардохти саривақти андоз.
  • Ҷамъоварии ҳосили “пахта-23”
  • Масъалаи ҷорӣ.

Дар оғоз муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ оид ба омодаги ба даъвати тирамоҳи ва рафти ғунчинӣ пахта ба самъи ҳозирин гузориш дод.

Дар машварати васеи корӣ Шӯҳрат Муҳаммадзода вобаста ба ҷоннок намудани корҳо дар самти бедор кардани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва даъвати ҷавонон  ба хизмати ҳарбӣ,  пешгири аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дастури қатъӣ дод.

Сипас, оид ба омодабошии тамрини  ҳайати захираҳои сафарбарӣ  ба шахсони дахлдор супоришҳои мушаххас дода шуд.

Масълае, ки дар идома мавриди таҳлилу муҳокима қарор гирифт, ин ҷаъоварии ҳосили пахта ба шумор меравад.

Роҳбари ноҳия зимни баромади худ таъкид намуд:

“Аз ҷониби роҳбари давлат барои соҳаи кишоварзӣ таваҷҷӯҳи хоса равона гардида, тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.   Мо бояд ҳосили пахтаро дар саҳро бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ беталаф ҷамъоварӣ намоем. Пахтакорони ноҳия дар саҳро ҳосили хуб парвариш кардаанд ва сокинонро мебояд дар маъракаи чиниши пахта фаъолона иштирок намоянд ва бо ин васила вазъи иқтисодиашонро болотар бардоранд.”

Баъдан, Шӯҳрат Муҳаммадзода соҳаи андоз ва дигар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро таҳлили амиқ намуда, барои вусъати корҳои ободониву созандагӣ, саривақт пардохти маблағи андоз, ҷалби маблағҳои хориҷӣ, дар фурсати кӯтоҳ беталаф ҷамъовари ҳосили пахта,  таъмини мардум бо ҷойи нави корӣ, рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна, дастуру супоришҳо дод.

Дар фарҷом Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода дар назди масъулин вазифагузорӣ намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.