АШТ: МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ГӮШТИНИ ТАРЗИ ОЗОД ОҒОЗ ГАРДИД.

 4 313 боздид

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба Гӯштини тарзи озод байни наврасони солҳои таваллудашон 2006-2008 ва 2009-2011 (писарон ва духтарон) дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд оғоз гардид.

Дар он Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, роҳбарони сохторҳои қудратӣ дар ноҳия ва дигар шахсони дахлдор иштирок карданд.

Дар оғоз Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, вобаста фароҳам овардани  шароити мусоид барои варзишгарон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти  Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  сухан гуфт.

Бояд зикр кард, ки дар мусобиқаи мазкур дастаҳо аз шаҳри Душанбе, шаҳри Кӯлоб,  шаҳри Исфара, шаҳри Конибодом,  шаҳри Истаравшан, шаҳри Панҷакент, шаҳри Бохтар, шаҳри Хуҷанд, ШНТМ, вилояти Хатлон, ноҳияи Ҷаббор Расулов, ноҳияи Спитамен, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Ашт бо фарогирии зиёда аз 380 нафар варзишгар иштирок доранд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.