АШТ: 100 СОЛАГИИ ШОДРАВОН САМИҶОН МАҶИДОВ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

 452 боздид

Имрӯз, 14.05.22 дар театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов чорабини бахшида ба 100-солагии абармарди майдони ҷангу меҳнат, Самиҷон Маҷидов таҳти унвони «Маҳбуби дилу дида» дар сатҳи воло баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода иштирок ва суханронӣ намуд. Раиси ноҳияи Ашт зимни баромадаш таъкид намуд:  « Дар ҳақиқат Самиҷон Маҷидов фаъолияти меҳнатиро ҳанӯз аз овони наврасӣ, аз синни 15-солагӣ оғоз намуда, баъди бозгашт аз набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар давоми умри бобаракоти худ ҳамчун ходими намоёни ҳизбию давлатӣ ба ҳайси мудири шуъбаи маориф, муовини раиси Кумитаи иҷроия, раиси колхозҳои ба номи Энгелс, Калинин, раиси созхози ба номи Тӯйчӣ Эрйигитов, директори муассисаҳои таълимии рақами 17 ба номи Абӯалӣ ибни Сино, рақами 2 ба номи Владимир Ильич Ленин адои вазифа намудаанд». Раиси ноҳия арзи сипосу эҳтироми беандозаи хеш ва мардуми ноҳияро ба аҳли оила, фарзандони Самиҷон Маҷидов иброз дошт ва қайд намуд, ки хизматҳои шоёни ин марди меҳнатро давлату ҳукумат ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозад.Ашъори шоирон дар бораи шуҷоату мардонагии ҷавонмардони шуҷои Ватан дар солҳои ҶБВ (1941-1945) тавассути навори видеоӣ инъикос карда шуд. Фарзанди Самиҷон Маҷидов, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Бибиҳафиза Маҷидова барои таваҷҷуҳи воло ва баргузории чорабинии сатҳи баланд ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия изҳори сипос намуд. Дар маҳфил мудири шуъбаи маорифи ноҳия Муясар Ҳайдарзода, раиси собиқадорони Ҷамоати деҳоти Понғоз Р.Ҷамолиддинов баромад намуда аз хизматҳои назарраси мавсуф ёдовар шуданд. Шеъру тарона ва рақсҳои ҷаззоб чорабиниро ҳусни фарҷом бахшид.

Хадамоти Матбуотии Ноҳияи Ашт

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.