Ашт: БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР ВОБАСТА БА БОНКДОРӢ

 308 боздид

Бо мақсади фарогирии бештари аҳолӣ бо хизматрасонии молиявӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ санаи 16 апрели соли ҷорӣ дар бинои МДВ Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва намояндагони ташкилотҳои қарзӣ семинари “Саводнокии молиявӣ” баргузор гардид.

Дар саҳни МДВ Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоиши хизматрасониҳои молиявии ташкилотҳои қарзӣ ба намоиш гузошт.

Дар семинари мазкур муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яқубӣ, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо такид карданд, ки “Такя ба нерӯи созандаи ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол ва омода кардани мутахассисони дорои донишу малакаи ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои муассисаҳои байналмилалии молиявию иқтисодӣ мо метавонем дар оянда рушди устувори давлати худро таъмин намоем”.

Баъдан муовини мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, муовини сардори шуъбаи назорати бонкии шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, номзади илми иҷтисод, дотсенти Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Тӯхтаев Т.М., директори филали ҶСК “Тавҳидбонк” дар шаҳри Хуҷанд, роҳбари филали ҶСК “Алиф Бонк” дар шаҳри Хуҷанд, дар мавзуҳои “Моҳият ва бартариятҳои пардохтҳои ғайринақдӣ”, “Ҷанбаҳои равониву рафтории идоракунии молияи хусусӣ”, “Бонкдории исломӣ ва маҳсулотҳои молиявии он”, “Пешгирии ҳолатҳои қаллобӣ дар низоми бонкӣ” баромад намуданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.