АШТ: БО РОҲБАРИИ РАИСИ НОҲИЯ ГУРУҲИ КОРӢ БА НОҲИЯИ ПОПИ ҶУМҲУРИИ УЗБЕКИСТОН САФАРИ КОРӢ АНҶОМ ДОДАНД.

 348 боздид

АШТ: Раиси ноҳия бо гурӯҳи корӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон сафари корӣ анҷом доданд.


Аз азал мардуми дӯст ва бародари тоҷик ва ӯзбек бо ҳам пайвандии ногусастанӣ доранд. Тоҷикон ва узбекон бо таърих, фарҳанг рукну оин ва адабиёти худ машҳур гардида, аз ҷумлаи халқҳои қадимтарин ба шумор мераванд.


Бунёди мероси ин ду халқи бузургро дўстию рафоқат, хайрхоҳӣ, некию накӯкорӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ташкил медиҳанд.


Дар ҳақиқат, тоҷикон ва ўзбекон дар бисёр лаҳзаҳои ғаму шодӣ, барору нобаробарӣ, нокомию пирўзиҳо бо ҳам буданд ва дар ҳама ҳолат дўстию бародариро пос дошта, якдигарро иззату эҳтиром ва қадрдонӣ менамоянд.


Робитаҳои дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳама соҳаҳо бо натиҷаҳои назаррас ба чашм мерасад, ки ин аз самари сиёсати одилонаву оқилонаи роҳбарони ду давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев далолат медиҳад.


Дар тақвияти гуфтаҳои боло санаҳои 13 ва14 апрели соли 2024 бо роҳбарии Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода зиёда аз 30 нафар роҳбарони идораю корхонаҳо, соҳибкорони пешқадам, ба вилояти Намангони Ҷумҳурии Узбекистон сафари корӣ анҷом доданд.
Ҳадаф аз ташриф боздид аз корхонаҳои саноатӣ, қарордодҳои ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба маънидод мегардад.

Меҳмононро дар гузаргоҳи сарҳадии "Поп-Навбунёд" намояндагони вилояти Намангон роҳбарият бо парафшон намудани парчамҳои ду давлати дӯст ва бародар дар сатҳи баланд пешвоз гирифтанд. 

Дар оғоз чун нишонаи дӯстӣ ва эҳтиром Раиси ноҳияро бо шириниву нон истиқбол намуда, ҷонибҳо бобати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд сӯҳбати самимӣ анҷом доданд.


Сафари кории ҳайати расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар ноҳияи Попи вилояти Намангон оғоз гардида, музокираи судманд байни намояндагони ноҳияи Поп ва ноҳияи Ашт баргузор гардид, ки баҳри беҳтар намудани оби полезӣ ба аҳолӣ ҷонибҳо ҳарф заданд.

Ҳайати гурӯхи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Аштро ҳокими ноҳияи Давлатобод пешвоз гирифта бо фаъолияти корхонаҳои саноатии «Юксалиш» ва «Ёшлар»-и минтақаи хурди саноати шинос намуд.
Инчунин дар идомаи сафар дар шаҳри Намангон гурӯҳи корӣ оид ба сохтмони корхонаҳои саноати хурду бузург бо роҳбарияти вилояти Намангон суҳбат дори намуданд.


Сипас, аз корхонаҳои саноатии «Баркамол Авлод» дар шаҳри Намангон, фаърлияти корхонаи «Қумтеппа» дар ноҳияи Уйчи шинос шуда, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳокими шаҳри Намангон мулоқоти дуҷониба анҷом дод.
Меҳмонон дар сафари корӣ аз боғи фарҳангӣ- истироҳатӣ «Афсоналар водиси» шаҳри Намангон боздид намуданд.


Бадъан намояндагони ноҳияи Ашт дар ноҳияи Чортоқ аз зиёратгоҳои «Султон Увайс Қарони» ва «Биби наима она» дидан карданд.


Сипас, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар ноҳияи Давлатобод бо лоиҳаи «Янги Наманган шаҳарчаси» дидан намуда, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобила байни ду ноҳия сӯҳбати хоса анҷом доданд.


Ҳамзамон, дар ноҳияи Поп, аз сохтумон корхонаҳои саноатии “Янги Узбекистон”, гармхона ва комплексии чорвопарвприи корхонаи муосири «Zamin Green Wirld» шинос гардид. Соҳибкорони ноҳия бо соҳибкорони ноҳияи Поп дар соҳаи кишоварзӣ низ табодули таҷриба намуда, вобаста ба ҳамкорӣ гуфтушунидҳо анҷом доданд.

Минбаъд низ сафари кории дуҷониба дар ин самт сурат гирифта, таҳкими ҳамкории судман ба роҳ монда мешавад. Дар гузаргоҳи сарҳадии «Поп-Навбунёд» меҳмононро бо эҳтироми хоса ва самимӣ роҳбарияти вилояти намангон ва ноҳияи Поп гусел намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.