Дар маҷлисгоҳи комиссарияти харбии ноҳия вохурии Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳамадзода бо хатмкунандагони ҷавонписарони Ҷамоати деҳоти Пунук баргузор гардид. Дар вохӯрӣ шахсони масъул ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Пунук иштирок намуданд.
Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода вобаста ба даъвати ҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баён намуд:
“Вақти нангу номус аст, ҳар як ҷавони ватандӯст ва меҳанпараст қарзи муқаддаси худро бояд дар назди Ватан иҷро намояд. Имрӯз давлату миллат маҳз бо ҷавонони шуҷою далер такя месозад, зеро онҳо ҳар ваҷаби марзу буми муқаддаси меҳанро қадр месозанд. Аз ин лиҳоз мо ҳамеша дар атрофи Пешвои муззами миллат ва ҳукумати мамлакат зич ҷойгир шуда, ин неъмати бебаҳо, Истиқлоли давлатиро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.”
Дар худи толор пас аз баромади таъсирбахши Раиси ноҳия 8-нафар хонандагон аз ҷой бархеста иброз доштанд, ки ба даъвати тирамоҳӣ бо амри дил барои поси Ватан мераванд.
Аҳли толор аз ибтикори ин ҷавонон ба ваҷҳ омада, бардавом кафкӯбӣ карданд.
Маврид ба зикр аст, ки ин ҷавонони бо нангу номуси ватандӯст ба ҳар як ҷавон намунаи ибрат аст. Чун он мехоҳад дар радифи ҷавонмардони асил дар Артиши миллӣ хизмати ҳарбиро гузарад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия