7.06.23
Имрӯз, бо мақсади боздид аз нашуънамои пахта Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳамроҳии як гурӯҳ масъулон, собиқадорони меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ ба майдони пахта, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ошоба ташриф оварданд.
Роҳбари ноҳия нахуст аз майдонҳои пахта дидан намуда, вобаста ба беҳтар намудани парвариши пахта ва самаранок ҳисил гирифтан аз он дастур дод:
“Бо тадбирандешии пайвастаи роҳбари давлат ҳосилнокии заминҳои корам пайваста боло бурда, заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад. Ҳоло дар майдон пахта фаровон кишт гардида, мебояд саривақт аз ҳашоротҳои зараррасон пешгири созем.”
Имсол дар ҳудуди ноҳияи Ашт дар майдони зиёда аз 6 ҳазор гектар пунбадона кишт гардида, бо азму талошҳои кишоварзони ноҳия ҳоло парвариш дуруст ба роҳ монда шудааст.
Сипас, Раиси ноҳия ҷаласаи корӣ доир намуда, ба масъулон дастур дод, ки бояд супоридани маълумотҳои оморӣ таъмин карда шавад.
Шӯҳрат Муҳаммадзода супориш дод, ки барои дар ҳолати муътадил парвариш намудани пахта дар саҳро бо ҷалби мутахассисони варзида дар тамоми ҷамоатҳои ноҳия семинар гузаронида шавад.
Ёдовар мешавем, ки пахта яке аз маҳсулоти содиротӣ ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб рафта, бо назардошти талаботи бозор майдони кишти он дар ҷумҳурӣ сол аз сол зиёд мегардад. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии пахтакорони ноҳия парвариши пахта ва рӯёнидани ҳосили хуб мебошад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия