АШТ: БОЗДИД АЗ КОРХОНАИ САНОАТӢ.

 560 боздид

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди як қатор корхонаҳои саноатӣ идома дорад.

Неъматулло Ҳикматуллозода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода аз ҷараёни бунёди коргоҳи нави ҷӯроббофӣ ва корхонаи ресмонбарорӣ дар Ҷамоати деҳоти Шодоба боздиди кори анҷом доданд. Сипас боздид аз коргоҳи нави мурғпарварӣ бо истеҳсоли гӯшти мурғ боздид намуданд.

Зимни боздид Ёрдамчии Ҷаноби Олӣ ба сохтмончиён ва мутахассисон дастур дод, ки дар мадди аввал сифати баланд ва бехатари бояд ба назар гирифта шавад. Ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд, ки коргоҳҳо баъд аз ба фаъолият оғоз намудан, метавонад сокинони маҳаллиро ба шуғли доимӣ фаро гирад.

Дар идома аз бунёди боғи изтироҳати дар деҳаи Ҳуҷистони Ҷамоати деҳоти Меҳробод дидан сурат гирифт. Меҳмонон аз ҷараёни сохтумон изҳори қаноатманди намуда, барои зебо ва диқатҷалбкунанда шудани боғи фароғати тавсеъаҳои худро баён намуданд.

Раиси ҷамоат зимни мулоқот иттилоъ дод, ки рӯзҳои наздик пурра корҳои сохтмонӣ анҷом меёбад ва мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.