Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода оид ба саривақт омода намудани пайгоҳҳои обкашӣ ба мавсими навбатӣ санаи 8 – уми марти соли 2022, Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат аз иншооти обгузари Раҳимсой ва пойгоҳи обкашии Чумчуқҷар дидан намуд.
Нимаи дуюми рӯз дар саҳни бинои идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия минтақаи 2 таҳти раёсати Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат ситоди корӣ баргузор намуда, барои саривақт омода кардани канали шимолии Фарғона санаҳои 9 ва 10 — уми марти соли равон ҳашари умумихалқӣ эълон карда шуд.
Дар кори ситод роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сардори Раёсати кишоварзӣ, роҳбарият ва кормандони идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ, роҳбарони асоссиатсияҳои истифодабарандагони об ва дигар сохторҳои дахлдори марбута ширкат варзиданд.
Роҳбарияти ноҳия ба масъулини сохторҳои марбута ҷиҳати дар мӯҳлатҳои муайяншуда ба итмом расонидани таъмири иншооти обгузари Раҳимсой, пойгоҳи обкашии Чумчуқҷар ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дод.
Субҳи имрӯз 9 – уми марти соли равон, Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат ба Ҷамоати деҳоти Ориён барои иштирок дар ҳашари барқарор намудани иншооти обгузари Раҳимсой ташриф овард.