АШТ: Иштироки роҳбарияти ноҳия дар оғози бунёди боғи интенсивии гелос ва себ дар Ҷамоати деҳоти Понғоз.

 224 боздид
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёди боғҳои интенсивӣ дар ноҳияи Ашт аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мақсудҷонов Зайлобиддин дар заминҳои бекорхобидаи доманакӯҳ 13 гектар боғи интенсивии усули қатрагии гелос ва себ ташкил карда мешавад.
Бо ин мақсад аз ҷониби соҳибкор 5 намуд ниҳоли гелос 15 ҳазор бех ва 3 намуд ниҳоли себ 500 бех аз Федератсияи Россия ворид карда шудааст.
Санаи 7 – уми марти соли равон аз боғи навташкил боздид намуда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат варзид.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ роҳбарияти ноҳияро роҳбарони якқатор сохторҳои марбута ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳамроҳӣ намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.