Нимаи дуюми имрӯз 28 – уми январи соли 2022 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода оид ба саривақт омода намудани пайгоҳҳои обкашӣ ба мавсими навбатӣ Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат аз пойгоҳҳои обкашии ноҳия дидан намуданд.
Зимни боздид аз пойгоҳҳои обкашӣ Раиси ноҳияро муовини Раиси ноҳия оид ба иқтисодиёт, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарияти Раёсати кишоварзӣ ва идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Роҳбарияти ноҳия ба масъулини соҳаҳо ҷиҳати дар мӯҳлатҳои муайяншуда омода намудан ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас доданд.
Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Асоссиатсияҳои истифодабарандагони оби ноҳия корҳо оид ба саривақт омода намудани пайгоҳҳои обкашӣ ба мавсими навбатӣ бомаром идома дорад.