АШТ: Табрикоти Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат бахшида ба Иди Сада

 267 боздид

Фарорасии ҷашни бостонию мардумии Садаро ба кулли сокинони ноҳия табрику таҳният гуфта, ба ҳар хонадон дастурхони пур аз нозу неъмат, хайру баракат, хотирҷамъӣ ва дастоварду музаффариятҳои беназир таманно дорам.
Боиси ифтихор аст, ки маҳз бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди Сада дар қатори ҷашнҳои таърихӣ ва миллии тоҷикон –Наврӯз ва Меҳргон аз нав эҳё гардид.
Пешвои миллат дар Паёми солонаи худ дар робита ба арзишу аҳамият ва нақши ин идҳои бостонӣ таъкид намуданд: “Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии Юнеско ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд”.
Бояд гуфт, ки дар осори илмию фарҳангии абармардони тоқику форс Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯбакр Муҳаммади Наршахӣ ва дигарон оид ба ҷашнҳои мардумӣ маълумоти ҷолибу рангин ва муфассал мавҷуданд. Тибқи ин маълумот моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ ва некӣ бар бадӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ мардум онро гиромӣ медоштанд.
Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимию халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр (офтоб) истиқбол гирифта мешуд.
Аз ин рӯ, мардуми тоҷик Иди Садаро чун рамзи оғози бедории табиат, омодагӣ ба мавсими кишту кор ва амалу нақшаҳои фаъолияти минбаъда, марҳилаи ҷадиди орзуҳои нек пешвоз мегиранд.
Мо фахр мекунем, ки ноҳияамон дар миқёси ҷумҳурӣ бо дороӣ ва бунёди боғҳои нави истеҳсоли меваҳои шаҳдрез ҷои намунавиро ишғол менамояд.
Барои кишоварзони ноҳия ва тамоми деҳқонон корҳои саҳроӣ оғоз гардидааст. Имрӯзҳо шинондани дарахтон, шудгори байни боғот, яхобмонӣ, ба шакл даровардани дарахтон, ба саҳро баровардани поруҳои минералӣ, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, ҳавзаҳои пойгоҳҳои обгирӣ корҳо рафта истодааст.
Пеш аз ҳама аз кормандони соҳаи кишоварзӣ хоҳиш доштам, ҳар як рӯзро самаранок истифода намуда, дар таъмини иҷрои корҳои саҳроӣ суръат бахшанд. Шинондани дарахтони ҳамешасабз ва кабудизоркунии майдонҳо дар назди идораву ташкилотҳо чораҳо андешанд.
Дар охир бори дигар ҳамагонро бо иди Сада муборакбод намуда, боварии комил дорам, ки соли равон Иди Сада файзу баракат ва фаровониро ба хонадони ҳар сокини кишвар армуғон оварда, ҳамагонро ба иҷрои амалҳои нек, ташаббусҳои тоза ва ободонию созандагӣ ҳидоят хоҳад намуд.
Иди Сада муборак, ҳамдиёрони азиз!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.