Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бобати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин раванд таъмини амнияти озуқавории босифату сермаҳсул ва ташкили ҳарчи бештари боғҳои интенсивӣ субҳи имрӯз 31 – уми январи соли 2022, Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат аз рафти омодагии боғи навташкили интенсивӣ аз ҳисоби заминҳои талу теппа дар Ҷамоати деҳоти Понғоз боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид аз боғи навташкил Раиси ноҳияро роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия ва дигар масъулон ҳамроҳӣ намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, боғи интенсивии навташкил “Диёри гелос” ном дошта, аз 14 га иборат мебошад. Дар боғ 15600 (понзад ҳазору шашсад) бех ниҳолҳои қадпасти гелос навъҳои “Крупноплодия”, “Александрия” ва 1200 (ҳазору дусад) бех ниҳоли қадпасти себ навъи “Мельба”, ки аз вилояти Краснодари Федератсияи Россия оварда шудааст, шинонида мешавад. Боғ пурра интенсивӣ буда, обёриаш қатрагӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки солҳои охир дар заминаи иҷрои амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус дар Паёмҳои солона ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати ба роҳ мондани усули инноватсионии боғдорӣ дар кишварамон, аз ҷумла вилояти Суғд даҳҳо гектар боғҳои интенсивии нав бунёд карда шуданд.
Яке аз ҳадафҳои асосии ташкили усули инноватсионии боғдорӣ дар баробари таъмини бозори истеъмолии дохилӣ бо меваю сабзавот, баланд бардоштани имкониятҳои содиротии кишварамон дар ин самт мебошад.
Нимаи дуюми рӯз роҳбарияти ноҳия ҳамроҳи муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ – фарҳангӣ, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, раиси Ҷамоати шаҳраки Шайдон янчанд нафар собиқадорони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, маъюбон, беморону пиронсолон, шахсони яккаву танҳо, оилаҳои камбизоат ва қишри ниёзманди ҷомеаро бо маводи хӯрокаи ниёзи аввал аёдат намуданд.