АШТ: Баргузории машқи фармондеҳӣ – ситодӣ дар ноҳия

 322 боздид

Тибқи нақшаи чорабиниҳои рӯзи дуюми машқи фармондеҳӣ – ситодӣ субҳи имруз, санаи 30 июни соли равон, дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қувва ва воситаҳои низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия бо либосҳои махсуси соҳавӣ ва техникаҳо ҷамъ карда шуданд. Аз ҷумла:
— Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия
— Қисми мустақили 65 – уми хадамоти давлатии оташнишонӣ
— Беморхонаи марказӣ ва маркази кумаки аввалияи тиббӣ
— Шабакаҳои тақсимоти барқ
— Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ
— Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомолилгард
— Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахш Р.М.”
— КДФ Хоҷагии манзилӣ – комуналӣ
— Идораи обу ташноб
Инчунин дар кори машқи фармондеҳӣ – ситодӣ Раиси ноҳия Мирдадо Зариф намояндагони хадамотҳои мудофиаи граждании ҷумҳуриявӣ, гурӯҳи корӣ бо сардории муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд полковник Собирзода Ширин, ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳои дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъсисдодашуда, қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи ноҳия ширкат варзиданд.
Қувва ва воситаҳои номбаршуда, дар минтақаи Сари чашмаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон вобаста ба вазъияти баамаломада амалиётҳои худро нишон доданд. Аз ҷумла:
— Расонидани ёрии аввалини тиббӣ
— Безараргардонии минтақаи офатзада
— Барқарор намудани хатти интиқоли барқ
— Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ
— Эвакуатсия намудани аҳолӣ аз минтақаи хавфнок
— Таъмин намудани эвакуатсияшудагон бо нақлиёт
— Ба анҷом расонидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ
Дар охир роҳбарони якқатор ташкилоту идораҳо ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ва меҳмонон бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.