АШТ: Тақдими хонаи истиқоматӣ ба собиқадори меҳнат Марқаева Холбибӣ

 380 боздид

Дар пайравӣ ба хислатҳои наҷиби инсондӯстона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз, санаи 1 июли соли равон дар деҳаи Даҳанаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон барои сокини деҳа, собиқадори меҳнат, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими ҳизбӣ, собиқ директори муассисаи давлатии таълимии №22 шахси яккаву танҳо Марқаева Холбибӣ бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии шахсони саховатпеша, фарзандони Раиси хоҷагии деҳқонии “Судҷа” марҳум Муфтоев Абдулҳақ хонаи истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуд.
Дар истифода додани хонаи истиқоматӣ бевосита Раиси ноҳия Мирдадо Зариф, муовини Раиси ноҳия оид ба иҷтимоиёт, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарият ва кормандони шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони Ҷамоати шаҳраки Шайдон ва сокинони деҳа ширкат варзиданд.
Роҳбарияти ноҳия дар баромади хеш қайд намуданд, ки дар ҳақиқат Марқаева Холбибӣ тамоми ҳаёту зиндагии хешро сарфи хизмат ба ободии Ватан, тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, дар баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва сафарбар намудани сокинони маҳал ба корҳои ободкориву созандагӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятии ноҳия намудааст.
Имрӯзҳо ин зани боғайрат ба синну соли худ нигоҳ накарда, иқдомҳои некро ба хотири ободии диёр идома дода истодааст.
Мо, ки имрӯз дар ин макон ба шарофати бунёди хонаи истиқоматӣ ба ин шахси пуртолеъ қарор дорем, аз фурсат истифода бурда, ба ҳамаи саховатмандону хайрхоҳон ва соҳибкорону ташаббускорон барои саҳми назаррасашон дар корҳои ободкориву созандагӣ изҳори сипос намуда, умед дорам, ки Марқаева Холбибӣ солиёни зиёд, бо тансиҳатӣ дар ин кошона умр ба сар бурда, дар пешбурди амалҳои созанда саҳми босазои худро мегузоранд.
Баъд аз суханронӣ аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба Марқаева Холбибӣ калиди хонаи истиқоматӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ аз қабили лавозимоти рузгордорӣ супорида шуданд.
Дар охир собиқадори меҳнат Марқаева Холбибӣ баромад намуда, миннатдории самимии хешро ба давлату ҳукумати мамлакат шахсан ба Пешвои муаззами миллат бобати дастгирии собиқадорони меҳнат, шахсони яккаву танҳо, маъюбон, ятимон ва хосатан қишри ниёзманди ҷомеа расониданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.