АШТ: ИДОМАИ ИҚДОМИ РАИСИ НОҲИЯ.

 558 боздид

Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода  аз рафти таъмиру азнавсозии роҳ дар Ҷамоати деҳоти Понғоз, деҳаи Хиштхона, маҳаллаи Гулбоғ шинос шуд. Дар маҳаллаи Гулбоғ  наздик 100 хоҷагӣ умр ба сар мебаранд ва аз иқдоми роҳсозии Раиси ноҳия пайравӣ намуда, наздик 1 километр роҳро бунёд намудан.

Дар сафари корӣ Раиси ноҳия бо мардум сӯҳбати самимӣ анҷом дода, гуфт:

“Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромадашон бобати ободу зебозосии диёр ҳарф мезананд. Мардуми шарифи Ҷамоати деҳоти Понғоз аз ҳидоятҳои роҳбари давлат илҳом гирифта, ҳамасола ба таври ҳашар маҳали худро ободу зебо месозанд, ки боиси намуна мебошад.”

Бояд гуфт, ки ҳоло корҳои роҳсозӣ дар қисмати болои деҳаи Понғоз, минтақаи Пулиҳоҷак идома дошта, дар масофаи ду километр корҳои шағалпушкунӣ идома дорад. Ба Раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои наздик 2 километр роҳи мазкур мумфарш карда мешавад.

Дар умум мумфарш намудани 3 километр роҳ бо маблағи беш аз як милион сомонӣ пешбинӣ гардида, кор дар ин самт вусъат дорад.

Пас, аз мулоқоти Раиси ноҳия  сокинони саховатпеша иброз доштанд, ки ба таври ҳашар ва саҳмгузорӣ тангкучаҳои дигар маҳаллаҳои деҳаро рӯзҳои наздик асфатпуш мекунанд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.