АШТ: ИҶЛОСИЯИ НУЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ АШТ ДАЪВАТИ ШАШУМ БАРГУЗОР ГАРДИД.

 979 боздид
  1. 03.2024

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо иштироки намояндаи мақомоти ҷироияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд ва Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода иҷлосияи чордаҳуми маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт даъвати шашум  баргузор гардид.

Дар он панҷ масъала:

  1. “Дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 дар ноҳияи Ашт “.
  2. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт оид ба ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, муҳити зист, оила ва зан, маориф ва сиёсати давлатии ҷавонон.
  3. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Телмон №37 Бобалиев Махфиралӣ оид ба иҷрои вакилиаш.
  4. Оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ

5.Тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳия, мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт.

Дар иҷлосия муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарияти ҲХДТ дар ноҳия, раисон, котибон, мутахассисони пешбар оид ба кишоварзӣ, мутахассисони пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, сартабибони беморхонаҳои минтақавӣ, расонаҳои хабарӣ иштирок намуданд.

Нахуст, барои ташриф Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода       намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд,  Шарифзода Озифхонро ба ноҳияи Ашт аз номи сокинони ноҳия хайрамақдам гуфт.

Аз рӯи масъалаи рӯзнома  масъулон, муовинони Раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед, Аниса Ҷалилӣ ва аз ҳавзаи интихоботии Телмон №37 Бобалиев Махфиралӣ оид  ба иҷрои вакилӣ вобаста ба масъалаҳои зикргардида, бароманд намуданд.

Кори иҷлосияро Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сухани хотимавӣ ҷамъбаст намуда,  барои иҷрои вазифаҳои минбаъдаҳ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.