АШТ: Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022

 221 боздид

Санаи 25-уми январи соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти фаъолияти солонаи Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар кори ҷаласа мудири кафедраи “Муносибатҳои байналхалқӣ”- и ДДҲБСТ – Алимов Ботурҷон Ҳомидович, ҷонишини раиси Кумитаи Иттифоқи касаби комплекси Агросаноатии вилояти Суғд — Раупов Ҳотамбой ва аъзоёни Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилотҳои ибтидоии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ташкилотҳои ибтидоии корхонаву муассисаҳо, васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти кории солонаи Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро муовини Раиси ноҳия Ҷалилӣ Аниса оғоз намуда, намояндагонро муаррифӣ карда, иштирокдоронро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.
Ба вазифаи муовини озоди Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон номзадии Рустамзода Наврӯз Рустам пешниҳод гардида, аз тарафи аъзоёни Шӯро ҷонибдорӣ карда шуд.
Сипас, оид ба ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия Юлдошева Мавҷуда маърӯза намуда, қайд кард, ки Шӯро фаъолияти худро дар асоси Оиннома ва Барномаи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳия ба роҳ монда, дар асоси нақша чорабиниҳои тартибдодашуда ва дар амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуда, давоми соли 2021 дар бобати таҳкими ваҳдату ягонагӣ ва сафарбаркунии мардум ба корҳои созандагиву ободонӣ, таъмини пешрафти бомароми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Баъдан, раиси Шӯрои куҳансолони ноҳиявии Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мамадҷонов Зафар маърӯза намуда, доир ба фаъолияти кории солонаи Шӯрои куҳансолони ноҳиявӣ фикру андешаҳои худро иброз намуд.
Баъд аз анҷоми маърӯзаҳо сухан ба аъзоёни Шӯрои ноҳиявии Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Махкамова Ёдгорой ва Гулбаҳори Маликзода дода шуд.
Дар охир аз ҷониби ҷонишини раиси Кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии вилоятии Суғд – Раупов Ҳотамбой ташкилоти ибтидоии ҶДММ “Рахшона” барои ишғоли ҷойи дуюм дар соҳаи кишоварзии ноҳия ҳамчун беҳтарин дониста шуда, бо Ифтихорномаи Кумитаи Иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуд. Инчунин ба фаъолияти раиси Кумитаи касабаи комплекси агросаноатии ноҳияи Ашт Норматов Каримҷон бинобар ба лавҳаи фахрии Шӯрои иттифоқи касабаи вилоят номнавис шудан, шаҳодатнома супорида шуд.
Дар анҷоми ҷаласа муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ оид ба масъалаҳои болозикр фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, қайд намуд, ки фаъолияти Шӯро дар соли 2022 боз ҳам ҷоннок карда шавад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.