АШТ: Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар ноҳияи Ашт

 323 боздид

Ҷиҳати татбиқи самтҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Раиси вилояти Суғд дар бораи тадбирҳои татбиқи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022» ва дар асоси нақша-чорабиниҳои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия санаи 26 — уми январи соли 2022 дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ — драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” бо иштироки сардорон ва нозирони шуъбаи кадрҳои корхонаву ташкилотҳо ва бонкҳо ярмаркаи ҷойи кори холӣ баргузор карда шуд. Аз тарафи мутахассисони шуъба дар байни корҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Дар ярмарка аз 17 ташкилоту корхонаҳо намояндагон бо пешниҳоди 126 ҷойҳои корӣ иштирок намуданд.
Дар ярмарка 135 нафар шаҳрвандони бекор ва корҷӯй иштирок намуда, 26 нафар бекорон ба коргоҳи дӯзандагии ҶДММ «Рахшона» тавсиянома гирифтанд. Ба 7 нафар маслиҳатҳои машваратӣ, ба 12 нафар шаҳрвандони корҷӯйи Ҷамоати деҳоти Меҳробод доири курси кӯтоҳмуддати «Бофандагӣ» маслиҳат дода шуд. Инчунин 20 нафар шаҳрвандони бекори дар қайди шуъба буда, ба ҶДММ «Рахш Р.М» барои кори ҷамъиятии музднок фаро гирифта шуд.
Дар охир бахшида ба эълон гардидани «Солҳои 2022-2026 солҳои рушди соҳаи саноат» якчанд кормандони фаъоли соҳаҳо бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.