АШТ: ҶОМИ РАИСИ НОҲИЯ ОИД ФУДБОЛ ҶАМБАСТ ГАРДИД.

 1 621 боздид
Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ашт мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳия байни дастаҳои 9 ҷамоати шаҳраку деҳот тибқи нақшаи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи футболи ноҳия баргузор гардид.
Мусобиқа байн 18 дастаҳо ҷараёнгирифта, аз санаи 16 уми феврал то санаи 21-уми феврал давом кард. Дар бозии ниҳоии мусобиқа Раиси ноҳия, Раиси Федератсияи фудболи ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода иштирок намуданд ва суханронӣ намуд:
“Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ба соҳаи варзиш, хоса футбол таваҷҷӯҳи зиёд равона карда мешавад. Тамоми шароитҳои зарурӣ барои варзишгарон дар қаламрави кишвар таъмин гардидааст. Танҳо варзишгаронро зарур аст, ки бо меҳнати содиқонаю софдилона тамрин намуда, Парчами кишварро дар арсаи ҷаҳон боло бардоранд. Маҳорати дастаи мутахаби футболи Тоҷикиситон рушди соҳаро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.”
Дар натиҷами сабқат маълум гардид, ки дастаи Ҷамоати деҳоти Шодоба ҷойи аввал, дастаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон ҷойи дуюм, дастаи Ҷамоати деҳоти Ифтихор ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд.
Дар вазъи тантанави Ҷом, тӯҳфа ва медалҳо ба ғолибон суприда шуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.